10 варзишгари бартари Тоҷикистон: фарзияи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиш

Asia-Plus

Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари бартари Тоҷикистон дар соли 2020-ро аз рӯйи фарзияи худи Анҷуман эълон кард. Ин рӯйхатро бар асоси назарпурсие миёни хабарнигорони варзишии расонаҳои Тоҷикистон анҷом додаанд, таҳия кардаанд. 

Бар асоси фарзияи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон дар садри рӯйхат Баҳодур Усмонов (бокс) қарор дорад, ки дорандаи роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2021 мебошад.. Ӯ дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 63 кг соҳиби роҳхати олимпӣ шуда буд.

Мақоми дувум ҳам ба намояндаи дигари варзиши бокс Шаббос Неъматуллоев марбут аст, ки ин варзишгар ҳам дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 81 кг роҳхати Олимпиадаи Токиоро ба даст оварда буд. 

Дар мақомҳои сеюму чорум ва панҷум паҳлавонони маъруфе чун Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва Комороншоҳ Устопириён  қарор доранд, ки ин ҳар се дар қаҳрамонии самбои ҷаҳони имсол дар Сербистон медали нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварда буданд. 

Ҳикматулло Воҳидов  ва Муҳаммад Икромов барандагони медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар риштаи кӯштии озод дар вазни 57  ва 61 кг дар Ҳиндустон зинаҳои шашу ҳафт ва Искандари Рустам барандаи медали бириниҷии ин мусобиқот ва Мубинҷон Аҳмадов барандаи медали биринҷии ҳамин сабқатҳо дар риштаи кӯштии юнониву румӣ мақомҳои 8 ва 9-ро ишқол кардаанд. 

Мақоми охирин дар рӯйхатнро ягона варзишгарбону Муниса Ойматова дар риштаи таэквон-до WT касб кардааст, ки дорандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалии Fujairah Open G2 дар вазни 49 кг дар Аморати Муттаҳидаи Араб мебошад.

"Ба далели пандемияи коронавирус Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио ба соли оянда мавқуф гузошта шуд. Инчунин бисёр мусобиқаҳои ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ бекор ва ё ба соли 2021 гузаронида шуданд. Аз ин рӯ, варзишгарони тоҷик натавонистанд имсол дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳониву қитъавӣ ҳузури бештар дошта бошанд", – гуфтааст раиси Анҷуман Нарзулло Латифов дар шарҳи ин радабандӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...