Оё то баҳор дигар “светкушӣ” намешавад?

Як мутахассиси соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки захираҳои обиву энергетикии Тоҷикистон барои то мавсими баҳору тобистон таъмин намудан бо барқ кифоя нест, лекин ҳамааш ба истифодаи сарфакоронаи барқ вобаста аст, ки сарвари давлат мардумро ба ҳамин гуна муносибат даъват кард. “Як чизро дар хотир дошта бошед: […]

Як мутахассиси соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки захираҳои обиву энергетикии Тоҷикистон барои то мавсими баҳору тобистон таъмин намудан бо барқ кифоя нест, лекин ҳамааш ба истифодаи сарфакоронаи барқ вобаста аст, ки сарвари давлат мардумро ба ҳамин гуна муносибат даъват кард.

“Як чизро дар хотир дошта бошед: фурӯшанда ҳеҷ гоҳ ба харидор сарфаро маслиҳат намедиҳад, баръакс ӯро ба ҳарчи бештар истифода кардану харидан водор мекунад. Танҳо маҳсулоти камёфтро зери раф пинҳон мекунанд”, – шарҳ дод ӯ.

Номбурда қайд кард, ки дар бораи камбуди имконпазири барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон раҳбарияти кишвар дарвоқеъ ҳам аҳолиро ҳанӯз тобистон бо нашри як муроҷиатнома дар сомонаи президент огоҳ карда буд. Дар он доир ба маҷрои ками об дар дарёи Вахш ва мушкилоти ба таври кофӣ захира кардани об дар обанбори Норак сухан мерафт.

Мутахассис таъкид дошт, ки ҳамон вақт сари масъалаи маҳдудият саволҳо ба миён омада буданд: додани барқ ба ҳама то буданаш ё дар ҳаҷми начандон зиёд маҳдуд кардан дар моҳҳои нисбатан гарми тирамоҳ, то ки дар давраи хунукии мавсим, ки таъмин бо барқ муҳиму рӯзмарра аст, барои ҳама кофӣ бошад.

“Варианти дуюмро интихоб карданд, ки ба ақидаи ман дуруст аст. Интихоб дар ин масъалаҳо, ки ба некӯаҳволии мардум ва рушди иқтисод, таъмини амнияти кишвар дахл доранд, на дар сатҳи “Барқи тоҷик” ва ё ҳатто Вазорати энергетика, балки дар сатҳи аз ҳама болотар қабул мешавад”, – гуфт ӯ.

Энергетик зикр кард, ки ба ҳар сурат, дар пеш моро зимистони сарду тӯлонӣ интизор аст ва маҷрои зарурии об танҳо дар моҳи апрел ва баъзан охири ҳамин моҳ барқарор мешавад.

“Шояд моҳҳои январу феврал ягон маҳдудият нашавад, лекин барои расидан то ба вақти барои мо зарурӣ, ҳамаро лозим меояд, ки ҳамаҷониба ба барқ сарфакорона муносибат кунем”, – илова кард мутахассис.

Қобили зикр аст, ки тирамоҳи имсол сокинони Тоҷикистон ба ҷуз шаҳрҳои нисбатан бузург, дар интиқоли барқ маҳдудият доштанд. Вазъияти бамиёномадаро ширкати “Барқи тоҷик” чунин маънидод кард, ки дар иншооти электроэнергетикӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ ҷараён доранд.

Дар ин робита “Барқи тоҷик” ва  раҳбарияти кишвар аз ҳама истифодаи сарфакоронаи барқро дархост намуданд, то ки об то баҳор кифоя бошад. Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 захираи об дар обанбори Норак ду метр поинтар аст.

Рӯзи 15 декабр зимни машварати корӣ бо раҳбарияти сохторҳои ҳукумат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавҷҷуҳи онҳоро ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия, ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки нерӯи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ ҷалб намуд.

“Вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои оби кишвар дар фасли зимистон, бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд”, – изҳор дошт президент.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки “ҳарчанд захираи имрӯзаи об басанда аст, лекин дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.