Панҷ медали биринҷии самбочиёни тоҷик дар Русия

Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳони самбо дар Русия намояндагони Тоҷикистон ба гирифтани 5 медали биринҷӣ ноил гардиданд. Бинобар иттилои Кумитаи милии олимпӣ,  аз Тоҷикистон 11 варзишгар  дар ин мусобиқа ширкат варзиданд, ки чор варзишгар ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб гардиданд. Гуфта мешавад, Алимуҳаммад Алиев дар самбои варзишӣ ва самбои размӣ, дар вазни -57 кг ду медали […]

Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳони самбо дар Русия намояндагони Тоҷикистон ба гирифтани 5 медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Бинобар иттилои Кумитаи милии олимпӣ,  аз Тоҷикистон 11 варзишгар  дар ин мусобиқа ширкат варзиданд, ки чор варзишгар ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Гуфта мешавад, Алимуҳаммад Алиев дар самбои варзишӣ ва самбои размӣ, дар вазни -57 кг ду медали биринҷӣ ба даст овард. Деваштич Убайдӣ дар самбои варзишӣ (-74 кг) ҷои сеюмро соҳиб шуд. Ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни -68 кг ва Осмонбек Қуқаниев дар вазни +100 кг дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ сазовор гардиданд.

Ҳамзамон Беҳрӯз Неъматуллоев (52 кг), Ардашер Исмоилов (57 кг), Алимуҳаммад Алиев (57 кг), Сӯҳроб Исматов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг), Давлат Абдулзода (+100кг), Осмонбек Қуқаниев (+100 кг) оид ба самбои варзишӣ, Айём Хабиров (57 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (68 кг), Рамазон Ҷумъаев (82 кг) ва Садр Боев (82 кг) ба рақобат дар самбои размӣ сафарбар гардида буданд.

Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 18-19 декабр бо иштироки варзишгарони 15 давлат дар шаҳри Москваи Русия ба хотираи ёдбуди самбочии маъруф Харлампиев баргузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.