Бонки исломии “Тавҳидбонк” ба сатҳи байнулмилалӣ мебарояд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раҳбарияти “Тавҳидбонк” дар бораи муваффақона табдил ёфтан аз бонки маъмулӣ ба исломӣ хабар дода, соли 2021 ният дорад, ки ба сатҳи байнулмилалӣ роҳ ёбад.

“Мо аввалин бонки исломиро дар Тоҷикистон таъсис дода, ният дорем, ки яке аз беҳтарин бонкҳои исломӣ дар минтақа шавем”, – изҳор доштааст раиси ҶСК “Тавҳидбонк” Шералӣ Зардов.

Бино ба арзёбии ӯ, марҳилаи аввал “комилан пурсамар” тай шуда, дар ҷараёни он бонк “эътимоднокӣ ва самаранокии бесобиқаро нишон дод ва яке аз кафилони суботи низоми молиявии кишвар гардид”.

Ӯ қайд мекунад, ки дар марҳилаи минбаъда бонк рушди рақобатпазирӣ ва афзоиши тиҷоратро “бар асоси татбиқи маҷмӯи қарорҳои молиявии исломӣ, ҷорисозии хизматрасониҳои муосири рақамии бонкӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои навтарин” ба нақша гирифтааст.

“Бозор ва хавфу имконоти имконпазири рушдро меомӯзем, лекин ба мо на талаботи бозор, балки талаботи мизоҷ муҳимтар аст. Ин ба мо имкон медиҳад, ки захираҳои озод ва истифоданашудаи молиявии худро, ки дар дасти аҳолӣ нигаҳдорӣ мешавад, сафарбар намуда, гардиши қонунии бонкӣ ва сармоягузорӣ, инчунин фоида аз онҳоро бо риояи комили қоидаҳои шариат, назардошти меъёрҳои ахлоқӣ ва маънавии мизоҷон таъмин намоем”, – таъкид мешавад дар изҳороти Шералӣ Зардов.

Дар фарҷом ӯ илова намудааст, ки ҳадафи минбаъдаи “Тавҳидбонк” то соли 2023 табдилёбӣ аз тамға (бренд)-и миллӣ ба байнулмилалӣ аст.

ҶСК “Тавҳидбонк” аввалин ва ягона бонки мукаммали исломӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба амалисозӣ ва истифодаи маблағгузории исломӣ дар доираи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Бонки милии ҷумҳурӣ оғоз кард.

Ба амалиёти фаъоли маблағгузории исломӣ  ҶМК “Тавҳидбонк” аз моҳи январи соли 2020 шурӯъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...