Бозиҳои рафиқонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Эрон дар Душанбе

Аз 23 то 27-уми декабр дар Душанбе миёни дастаҳои  мунтахаби футболи наврасон (U-16)  ва ҷавонони (U-19)-и Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Эрон бозиҳои рафиқона баргузор мешавад. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ин бозиҳои рафиқона дар доираи омодагӣ ба чемпионатҳои Осиё, ки соли оянда баргузор мешаванд, доир мегардад. Инчунин гуфта мешавад, ки дастаҳои мунтахаби наврасон ва […]

Аз 23 то 27-уми декабр дар Душанбе миёни дастаҳои  мунтахаби футболи наврасон (U-16)  ва ҷавонони (U-19)-и Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Эрон бозиҳои рафиқона баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ин бозиҳои рафиқона дар доираи омодагӣ ба чемпионатҳои Осиё, ки соли оянда баргузор мешаванд, доир мегардад.

Инчунин гуфта мешавад, ки дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Эрон тавассути хатсайри махсуси ҳавоӣ ҳафтаи оянда ба Душанбе меоянд.

«Рӯзҳои 23 ва 26 декабр дар Душанбе бозиҳои рафиқона миёни мунтахабҳои наврасони то 16-солаи Тоҷикистону Эрон сурат мегирад. Рӯзҳои 24 ва 27 декабр бошад, вохӯрии дӯстонаи тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи ду кишвар доир мегардад», – қайд мешавад дар хабари Кумита.

Ёдрас мекунем, ки тимҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон соли оянда дар чемпионати Осиё, ки мутаносибан дар Баҳрайн ва Узбекистон баргузор мешаванд, иштирок мекунандд. Дар Чемпионат миёни наврасон дар Баҳрайн тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Уммон, Яман ва АМА бозӣ мекунад. Дастаи мунтахаби ҷавононамон бошад, дар Ӯзбекистон дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Малайзия, Яман ва Қатар рақобат мекунад.

Бозиҳои рафиқона

23 декабр (чоршанбе) 

Оғоз – 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)

24 декабр (панҷшанбе)

Оғоз – 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19)

26 декабр (шанбе)

Оғоз – 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)

27 декабр (якшанбе)

Оғоз – 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19)

Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.