Вазири нави меҳнат ба мардикорбозори занонаи Хатлон рафт

Asia-Plus

Ширин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри чанд аксе дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст, ки ба дидани заноне рафтааст, ки дар як мардикорбозори вижа дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон рӯзона ба дунболи ҷустуҷӯйи коранд.

Ширин Амонзода бо гузоштани ин аксҳо навиштааст, ки "Рӯзе дар "мардикорбозор" миёни занон- корҷӯён…танҳо вақтро метавон довар гирифт…". Вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шарҳ надодааст, ки ба занҳо чӣ гуфтаасту барои кор ёфтани онҳо чӣ тарҳе дорад. Ҳамчунин ӯ нагуфтааст, ки ишораи "танҳо вақтро метавон довар гирифт" ба чӣ замоне далолат мекунад.

Ширин Амонзода аз ҷумлаи чеҳраҳои сиёсатмадори ҷавони Тоҷикистон аст, ки дар ҳукумати нави Эмомалӣ раҳмон ба кобина омад. Ӯ то расидан ба ин мақом раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон буд.

Мардикорбозори занонаи маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар аз замоне, ки расонаӣ шуд сарусадоҳои зиёдеро дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон дошт. Дар ин бора филми мустанад ва матолиби зиёдеро расонаҳо нашр карданд, ки ҳукумати маҳаллӣ ҳам ба он таваҷҷуҳ кард. Ҳарчанд аз замони расонаӣ шудани ин мавзуъ мақомҳои маҳаллӣ мегуфтанд, ки барои ин занҳо ҷойи кор меёбанд, аммо нашри аксҳои бозор аз сӯйи вазири меҳнат нишон медиҳад, ки ин бозор мисли пешин то кунун фаъол аст.

Ширин Амонзода, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз таъини ӯ ба мақоми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон истиқболи гарм шуда буд, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикитон ва таҳсилдидаи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон мебошад, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ ва ҷопонӣ озодона суҳбат мекуад. Чанд сол пеш то омадан ба Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар мақомҳои гуногуне кор кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...