Вазири нави меҳнат ба мардикорбозори занонаи Хатлон рафт

Ширин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри чанд аксе дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст, ки ба дидани заноне рафтааст, ки дар як мардикорбозори вижа дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон рӯзона ба дунболи ҷустуҷӯйи коранд. Ширин Амонзода бо гузоштани ин аксҳо навиштааст, ки "Рӯзе дар "мардикорбозор" миёни занон- корҷӯён…танҳо вақтро метавон довар […]

Ширин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри чанд аксе дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст, ки ба дидани заноне рафтааст, ки дар як мардикорбозори вижа дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон рӯзона ба дунболи ҷустуҷӯйи коранд.

Ширин Амонзода бо гузоштани ин аксҳо навиштааст, ки "Рӯзе дар "мардикорбозор" миёни занон- корҷӯён…танҳо вақтро метавон довар гирифт…". Вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шарҳ надодааст, ки ба занҳо чӣ гуфтаасту барои кор ёфтани онҳо чӣ тарҳе дорад. Ҳамчунин ӯ нагуфтааст, ки ишораи "танҳо вақтро метавон довар гирифт" ба чӣ замоне далолат мекунад.

Ширин Амонзода аз ҷумлаи чеҳраҳои сиёсатмадори ҷавони Тоҷикистон аст, ки дар ҳукумати нави Эмомалӣ раҳмон ба кобина омад. Ӯ то расидан ба ин мақом раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон буд.

Мардикорбозори занонаи маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар аз замоне, ки расонаӣ шуд сарусадоҳои зиёдеро дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон дошт. Дар ин бора филми мустанад ва матолиби зиёдеро расонаҳо нашр карданд, ки ҳукумати маҳаллӣ ҳам ба он таваҷҷуҳ кард. Ҳарчанд аз замони расонаӣ шудани ин мавзуъ мақомҳои маҳаллӣ мегуфтанд, ки барои ин занҳо ҷойи кор меёбанд, аммо нашри аксҳои бозор аз сӯйи вазири меҳнат нишон медиҳад, ки ин бозор мисли пешин то кунун фаъол аст.

Ширин Амонзода, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз таъини ӯ ба мақоми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон истиқболи гарм шуда буд, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикитон ва таҳсилдидаи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон мебошад, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ ва ҷопонӣ озодона суҳбат мекуад. Чанд сол пеш то омадан ба Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар мақомҳои гуногуне кор кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.