Туман аз роҳ зад. Ҳавопаймои озими Душанбеи Belavia дар Тошканд нишаст

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати Belavia субҳи имрӯз бар асари тумани ғализ натавонист ба фурудгоҳи Душанбе нишинад. Ҳайати сарнишинони ҳавопаймо тасмим гирифт, ки то пароканда шудани туман дар фурудгоҳи Душанбе, ҳавопайморо дар Тошканд менишинонад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе.

“Дарвоқеъ ҳам ҳавопаймои ширкати Belavia airlines-и Беларус бо сабаби тумани ғализ дар фурудгоҳи мо нишаста натавонист ва ба самти Тошканд, ба фурудгоҳи эҳтиётӣ раҳсипор шуд. Бо беҳтар шудани вазъи ҳаво ҳавопаймо соати тақрибан 14:00 ба Душанбе баргашта, муваффақона фуруд омад. Худи ҳамин рӯз пас аз борашро гирифтан, ҳавопаймо ба Минск парвоз мекунад”, – хабар доданд аз дафтари матбуоти фурудгоҳ.

Корбари “Азия-Плюс” Бахтиёр Қодиров скриншотеро аз сомонаи Flightradar ба идора фиристод, ки дар он чӣ гуна соати 09:40 ба Душанбе фуруд омада натавонистан ва баъди чанд дафъа даврзанӣ ба фурудгоҳи Тошканд роҳ пеш гирифтани ҳавопаймои ширкати Belavia airlines дида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз охири моҳи март бо сабаби пандемияи коронавирус Тоҷикистон парвозҳо бо ҳамаи хатсайрҳои мунтазамро қатъ намуд. Аз Душанбе айни замон танҳо ба самтҳои Истанбул ва Дубай парвозҳои байнулмилалӣ анҷом дода мешаванд.

Ҳамчунин барои ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ва шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон як қатор парвозҳои чартерӣ байни кишвраҳо роҳандозӣ шуд. Охири моҳи ноябр ширкати “Сомон Эйр” ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри дохилии Душанбе-Хуҷанд низ оғоз кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...