Туман аз роҳ зад. Ҳавопаймои озими Душанбеи Belavia дар Тошканд нишаст

Ҳавопаймои ширкати Belavia субҳи имрӯз бар асари тумани ғализ натавонист ба фурудгоҳи Душанбе нишинад. Ҳайати сарнишинони ҳавопаймо тасмим гирифт, ки то пароканда шудани туман дар фурудгоҳи Душанбе, ҳавопайморо дар Тошканд менишинонад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе. “Дарвоқеъ ҳам ҳавопаймои ширкати Belavia airlines-и Беларус бо сабаби тумани ғализ дар фурудгоҳи мо нишаста натавонист […]

Ҳавопаймои ширкати Belavia субҳи имрӯз бар асари тумани ғализ натавонист ба фурудгоҳи Душанбе нишинад. Ҳайати сарнишинони ҳавопаймо тасмим гирифт, ки то пароканда шудани туман дар фурудгоҳи Душанбе, ҳавопайморо дар Тошканд менишинонад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе.

“Дарвоқеъ ҳам ҳавопаймои ширкати Belavia airlines-и Беларус бо сабаби тумани ғализ дар фурудгоҳи мо нишаста натавонист ва ба самти Тошканд, ба фурудгоҳи эҳтиётӣ раҳсипор шуд. Бо беҳтар шудани вазъи ҳаво ҳавопаймо соати тақрибан 14:00 ба Душанбе баргашта, муваффақона фуруд омад. Худи ҳамин рӯз пас аз борашро гирифтан, ҳавопаймо ба Минск парвоз мекунад”, – хабар доданд аз дафтари матбуоти фурудгоҳ.

Корбари “Азия-Плюс” Бахтиёр Қодиров скриншотеро аз сомонаи Flightradar ба идора фиристод, ки дар он чӣ гуна соати 09:40 ба Душанбе фуруд омада натавонистан ва баъди чанд дафъа даврзанӣ ба фурудгоҳи Тошканд роҳ пеш гирифтани ҳавопаймои ширкати Belavia airlines дида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз охири моҳи март бо сабаби пандемияи коронавирус Тоҷикистон парвозҳо бо ҳамаи хатсайрҳои мунтазамро қатъ намуд. Аз Душанбе айни замон танҳо ба самтҳои Истанбул ва Дубай парвозҳои байнулмилалӣ анҷом дода мешаванд.

Ҳамчунин барои ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ва шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон як қатор парвозҳои чартерӣ байни кишвраҳо роҳандозӣ шуд. Охири моҳи ноябр ширкати “Сомон Эйр” ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри дохилии Душанбе-Хуҷанд низ оғоз кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.