Русия аз 1 январ роҳро барои содироти сабзавоту меваи Тоҷикистон боз мекунад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз аввали соли 2021 содиркунандагони сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба Русия, ки борашонро тариқи роҳи оҳан интиқол медиҳанд, барои боркашонӣ аз тахфифҳо (поинравии нарх) истифода хоҳанд бурд.

Ширкати «Российские железные дороги» (РЖД) 21 декабр дар сомонаи расмии худ қарор дар бораи поинравии тарифҳо ба боркашониро нашр кард. Онҳо ба кашонидани молу маҳсулот, аз қабили фулузот (металлҳо)-и сиёҳ, контейнер, конрейлер ва сабзавоту мева дахл доранд.

Аз ҷумла, аз 1 январ то 31 декабри соли 2021 тахфифҳо ба андозаи 50% ба боркашонии воридоти сабзавоту мева аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Русия дар қатораҳои мансуб ба ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амал мекунанд.

Коэффисиенти поинмерафта бо шарти озод кардани РЖД аз пардохт барои истифода аз қатораҳои мансуб ба ин давлатҳо, ки дар боркашонӣ истифода мешаванд, амал мекунад.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 низ РЖД барои интиқоли сабзавоту мева аз Тоҷикистону Ӯзбекистон чунин тахфифи 50%-и ҷорӣ карда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 17 млн доллар зиёда аз 120 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағаш 5,5 млн доллар зиёдтар аст.

Ҳиссаи назаррасро дар таркиби содироти сабзавоту мева аз Тоҷикистон пиёз, хушкмева ва ангур ташкил медиҳанд. Ин маҳсулот дар бозорҳои Русия, Қазоқистон, Чин ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба фурӯӯш гузошта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...