Додгоҳ яке аз қотилони ду духтар дар Варзобро ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ду сокини пойтахтро, ки дар қатли бераҳмонаи ду ҷавондухтар гунаҳкор мешуданд, содир кард, ки якеро барои як умр ва дигареро 22 сол зиндон кард. Додгоҳ ин ду ҷавонро дар қатли Замирамоҳ Ҳайдароваи 29-сола ва Меҳрафрӯз Холмирзои 19-сола муҷрим шинохт, ки  ҳар дуро ба қатл расондаву дар тепаҳои канори Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Харангони […]

Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ду сокини пойтахтро, ки дар қатли бераҳмонаи ду ҷавондухтар гунаҳкор мешуданд, содир кард, ки якеро барои як умр ва дигареро 22 сол зиндон кард. Додгоҳ ин ду ҷавонро дар қатли Замирамоҳ Ҳайдароваи 29-сола ва Меҳрафрӯз Холмирзои 19-сола муҷрим шинохт, ки  ҳар дуро ба қатл расондаву дар тепаҳои канори Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб, дар ғоре пинҳон кардаанд.

Додгоҳ Сафаров Дониёр Каримовичи 28-соларо бар асоси моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,з” ва Раупов Саъдулло Абдуллоевичро бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,з,п” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум кардааст. 

Додгоҳ Дониёр Сафаровро ба 22 соли зиндон ва Саъдулло Рауповро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Додгоҳи шаҳри Душанбе баъзе аз ҷузъиёти ин қазияро дар торномааш нашр кардааст. Ба навиштаи ин ниҳод Сафаров Дониёр Каримович бо шаҳрванд Ҳайдарова Замирамоҳ Файзалиевна аз соли 2010 шинос будааст ва моҳи ноябри соли 2017 марҳум Ҳайдарова бинобар бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шиносоӣ пайдо намуданаш муносибаташро бо Сафаров тағйир додааст.

"Бинбар ин, Сафаров аз рўи ҳиссиёти рашк мунтазам Ҳайдарова З.Ф-ро мавриди лату кӯб қарор дода, бо мақсади дар оянда аз ҳаёт маҳрум сохтани Ҳайдарова З.Ф. бо ҳамроҳии рафиқаш Раупов С.А. нақшаи куштори охиринро тарҳрезӣ намуданд, то ин ки онҳо якҷоя Ҳайдарова З.Ф-ро ба қатл расонида ҷасадашро нобуд созанд.

Ҳамин тавр, Сафаров Д.К. бо ҳамроҳии рафиқаш Раупов С.А. бо мақсади амалӣ намудани қасди куштори Ҳайдарова З.Ф., тахминан моҳи январи соли 2018 аз рўи нақшаи қаблан тарҳрезӣ намудаашон амал намуда, шаҳрванд Ҳайдарова 3.Ф-ро, барои истеъмоли хўроки шом ба шаҳри Ҳисор даъват карда, ҷиҳати осон гардидани нақшаи худ бо ҳам якҷоя нушокии спиртӣ истеъмол намуда, номбурдаро то ба ҳолати сахти мастӣ оварда расониданд. Баъдан охиринро маҷбуран дар бағоҷи автомашинаи сабукрави тамғаи “Опел”, рақами қайди давлатиаш 86-59 ВЕ ТҶ 01, таҳти идораи Сафаров Д.К. буда ҷой намуда, ба макони беодам яъне ҳудуди теппаҳои назди деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бурданд. Сипас, Сафаров Д.К. аз рўи бадбинии қаблан дар ботинаш дошта, бо мақсади ба анҷом расонидани қасди куштори охирин, шароити мусоид барои одамкушӣ муҳайё сохта, дидаю дониста, ки Ҳайдарова З.Ф. дар ҳолати оҷизӣ қарордошта, ҳаракатҳои худро дарк карда наметавонад,  бо дастонаш роҳҳои нафаскашии Ҳайдарова З.Ф-ро буғӣ карда, ба ин васила охиронро аз ҳаёт маҳрум месозад",-иттилоъ медиҳад Додгоҳи Душанбе.

Ба навиштаи додгоҳ Раупов С. барои пинҳон кардани ҷасади Ҳайдарова кўмак расонида, ҳамроҳ бо Дониёр Сафаров ҷасадро аз ҷойи ҳодиса ба масофаи тахминан 100 метр дуртар кашола карда бурда аз баландии 50 метр ба ҷарӣ партофтанд.

Баъдан Дониёр Сафаров барои аз ҷустуҷӯйи Ҳайдарова канор задани хешу табораш аз телефони ӯ ба яке аз шиносҳои худи Ҳайдарова паёмак ирсол кардааст, ки "наздиконаш ҳаввос (хавотир) нашаванд, шавҳар кардаасту дигар ўро накобанд".

Ба иттилои расмӣ, Меҳрафрӯзи Холмирзо моҳи апрели имсол ҳамчун мусофир ба мошини Саъдулло Раупов нишастааст: "Дар дохили мошин ӯро зада, аз ҳолати беҳушӣ ва оҷизияш истифода бурда, ба теппаҳои деҳаи Харангон бурдааст ва пешниҳоди робитаи ҷинсӣ кардааст. Баъд аз шунидани ҷавоби рад буғӣ карда, ба ҳалокат расондааст.

Ин қазия дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон яке аз қазияҳое буд, ки сару садоҳои зиёд ба бор овард ва бисёр муҳокима мешуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?