Кори 894 коргоҳ ба далели вазъи ногувори санитарӣ дар Суғд боздошта шуд

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ба далели вазъи нохуби беҳдоштӣ дар 11 моҳи соли 2020 барои риоя накардани  меъёрҳову талабот бештар аз 1000 нафарро ҷарима бастааст, ки маблағи он 205 ҳазору 807 сомонӣ ҳисоб шудааст.

Ҳамчунин ин Марказ фаъолияти 894 коргоҳро  бинобар  ҷавобгӯ  набудан ба меъёрҳои санитарӣ  муваққатан боз доштааст. Ин иттилоъро як мнбаъ аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар ихтиёри “Азия-плюс” қарор дод.  

Бино ба иттилои масъулони беҳдоштии вилоят, дар ин давра аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии  санитарию эпидемиологӣ дар шаҳру навоҳии вилоят дар маҷмӯъ фаъолияти 1114 адад бозору нуқтаҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоот мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Ҳарчанд ки ба гуфти мутахассисон, вазъи эпидемиологӣ  ҳоло дар вилоят нисбатан беҳтар шуда бошад ҳам, аммо ҳанӯз  ҳолатҳои сарфи назар намудани  қоидаҳои беҳдоштӣ ба назар мерасанд.

Ҳукумати вилоят ҳам  ҳафтаи гузашта  бо таъсиси комиссияи вижа  давоми се рӯз нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, сифати маҳсулот  ва вазъи беҳдоштии бозорҳои  “Панҷшанбе”  ва гирду атрофи  он – “Афросиёб”,  “Неъматуллоҳ”  ва кӯчаи Шарқро  мавриди санҷиш қарор дод, ки мақсад аз он пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус гуфта мешавад.

Маҷнун Орипов,  муовини сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд гуфт, ки дар ин санҷишҳо  12 соҳибкорро ҷарима бастаанду онҳоеро, ки маҳсулоти хӯрокии нозукро дар сари роҳҳо мефурӯхтанд, бо қоидаҳои беҳдоштӣ ошно кардаанду маҳсулоташонро аз савдо гирифтаанд.

Вилояти Суғд аз оғози давраи ҳамагирии коронавирус яке аз осебпазиртарин минтақаҳои Тоҷикистон буд, ки бо гузашти 8 моҳ дар маркази вилоят бархе аз муассисаҳои бахши тандурустӣ тоза ба кори муқаррарии худ баргашта истодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...