Роҳгузар ҷангараҳоро халос карданӣ буд, вале худаш бераҳмона латукӯб шуд

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки 15 декабр дар кӯчаи Борбад соати сеюними шаб байни сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Сунатулло Давлатов ва ҷавонзани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе Сабоҳат Расулова муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, онҳо бо рафтори дағалона якдигарро дашномҳои қабеҳ додаанд. Роҳгузари тасодуфӣ, сокини 23-солаи ноҳияи Шоҳин Таваралӣ Раҷабов онҳоро ба […]

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки 15 декабр дар кӯчаи Борбад соати сеюними шаб байни сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Сунатулло Давлатов ва ҷавонзани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе Сабоҳат Расулова муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, онҳо бо рафтори дағалона якдигарро дашномҳои қабеҳ додаанд.

Роҳгузари тасодуфӣ, сокини 23-солаи ноҳияи Шоҳин Таваралӣ Раҷабов онҳоро ба оромӣ даъват намуда, мехоҳад аз ҳамдигар халос кунад.

“Ин рафтори роҳгузар ба Давлатов писанд наомада, ҳамроҳи дӯсташ – сокини пойтахт Бахтиёр Иброҳимови 18-сола Раҷабовро мавриди латукӯб қарор медиҳанд, ки дар натиҷа роҳгузар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсат.

Гуфта мешавад, нисбати С.Давлатов ва Б.Иброҳимов мутобиқи моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ то 5 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.