Оғози маъмурияти намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ

Cафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ 23 декабр дар Ҷидда эътимодномаи худро ба ҳайси Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ ба Дабири кулли Созмони мазкур доктор Юсуф Аҳмад Ал-Усаймин супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин Созмон ва ниҳодҳои зерсохтории он баррасӣ шуда, таъкид гардид, […]

Cафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ 23 декабр дар Ҷидда эътимодномаи худро ба ҳайси Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ ба Дабири кулли Созмони мазкур доктор Юсуф Аҳмад Ал-Усаймин супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин Созмон ва ниҳодҳои зерсохтории он баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақвияти фаъолияти муштараки бисёрҷониба дар чорчӯби СҲИ авлавият медиҳад.

Гуфта мешавад, инчунин ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилаӣ ва минтақавӣ, абзорҳои муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир ва роҳандозии талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 табодули назар карданд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон 1 декабри соли 1992 ба узвияти Созмони ҳамкории исломӣ пазируфта шуда, соли 2007 узви Иттифоқи парлумонии Созмон шуд. Оинномаи нави СҲИ-ро парлумони Тоҷикистон 8 декабри соли 2009 тасдиқ кард.

Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо СҲИ чорабинӣ ва ташаббусҳои зерин амалӣ шуданд:

– баргузории ҷашнҳои олимони маъруфи фарҳанги исломӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ ва Имом Бухорӣ дар сатҳи умумимиллӣ;

– барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ дар Ҳулбук, Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор, Рӯшон ва Муъминобод;

– тарҷума ва нашри китоби Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ ва туҳфаи он ба аҳолӣ, инчунин нашри асарҳои мутафаккирони бузурги ҷаҳони ислом.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.