Ҳукми 24 соли зиндон барои бераҳмона куштани ҳамсар

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон мардеро, ки бераҳмона ҳамсарашро ба қатл расонида буд, ба 24 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, моҳи июни соли равон ҳангоми дар манзили иҷоравиашон қарор доштан сокини ноҳияи Рӯдакӣ Алӣ Саидов пас аз муноқиша бо ҳамсараш бо 13 […]

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон мардеро, ки бераҳмона ҳамсарашро ба қатл расонида буд, ба 24 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, моҳи июни соли равон ҳангоми дар манзили иҷоравиашон қарор доштан сокини ноҳияи Рӯдакӣ Алӣ Саидов пас аз муноқиша бо ҳамсараш бо 13 зарбаи корд ба ҷисми зан ӯро бераҳмона кушт.

Охири ҳафтаи гузашта Суди олӣ нисбати Саидов ҳукм содир намуда, ба ӯ ҷазои 24 соли маҳрумият аз озодӣ дар зиндони низомаш шадид ҷазо таъин шуд.

Дар бораи сабабҳои ба ин амали мудҳишона даст задани мард Прокуратураи генералӣ маълумот намедиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.