Фаришта Кӯҳистонӣ як фаъоли ҳуқуқи зан дар Афғонистон террор шуд

Фаришта Кӯҳистонӣ яке аз фаъолони арсаи ҳуқуқи зан дар Афғонистон соати панҷи шоми дирӯз дар вилояти Кописо аз сӯйи афроди мусаллаҳи ношинос террор шуд. Ба гуфтаи вазорати корҳои дохилии Афғонистон Куҳистонӣ ҳамроҳ бо бародараш буд, ки бародараш ҳам ин ҳамла кушта шудааст.  Телевизиони "Тулуънеюс"-и Кобул бо истинод ба як манбаъи амнияти худ мегӯяд, ки Фаришта Кӯҳистонӣ дар як […]

Asia-Plus

Фаришта Кӯҳистонӣ яке аз фаъолони арсаи ҳуқуқи зан дар Афғонистон соати панҷи шоми дирӯз дар вилояти Кописо аз сӯйи афроди мусаллаҳи ношинос террор шуд. Ба гуфтаи вазорати корҳои дохилии Афғонистон Куҳистонӣ ҳамроҳ бо бародараш буд, ки бародараш ҳам ин ҳамла кушта шудааст. 

Телевизиони "Тулуънеюс"-и Кобул бо истинод ба як манбаъи амнияти худ мегӯяд, ки Фаришта Кӯҳистонӣ дар як тирандозии мардони мусаллаҳ дар рустои Деҳнави вулусволии ҳиссаи аввали Кӯҳистони вилояти Кописо ҳамроҳ бо бародараш кушта шуд.

Гуфта мешавад, ки бону Куҳистонӣ аз Кобул ба зодгоҳаш рафта будааст, ки он ҷо мавриди ҳамалаи ҳадафманд қарор мегирад.

Террори Фаришта Куҳистонӣ вокунишҳои гуногуне дар ҷомеаи Афғонистон ва байналмилалӣ дар пай дошт. 

Фавзи Куфӣ вакили пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон ва узви тими музокиракунандаи давлати Афғонистон  дар саҳфаи фейсбукияш навиштае аз Фаришта Куҳистониро овардааст, ки ӯ 11.12.2020 аз давлати Афғонистон ва мақомоти интизомии он хоҳиш кардааст, ки зери ҳадаф қарор дорад ва ӯро ҳимоят кунанд. Аммо тавре бону Кӯфӣ овардааст мақомоти Афғонистон ба ин муроҷиати Кӯҳистонӣ расидагӣ накардаанд. 

Фаришта Кӯистонӣ дар ин муроҷиаташ навиштааст: "Дерзамоне мешавад, ки рӯзгори хуш надорам. Зиндагӣ ба комам талх гашта ва лаҳазотамро бо тарсу изтироб сипарӣ мекунам. Чандин бор аз вазорати дохила, аз шахси вазирсоҳиб, аз раиси мубориза бо ҷароим, аз раиси таҳқиқоти ҷиноятӣ, аз раиссоҳиби амнияти миллӣ хоҳиш кардам, ки сахт зери таҳдидот ҳастам. Таваҷҷуҳ кунед, аммо беэътиноӣ намуданд. Ман ҷавони тарсу изтироб нестам. Тарси ман аз ояндаи хонаводаам, аз ҳамкоронам аст, ки баъд аз ман бесарнавишт мемонанд ва дар ин харобкада чӣ хоҳанд кард? Аз масъулини азиз як бори дигар хоҳиш мекунам, ки мавзуъи маро ҷиддӣ бигиранд, дар ғайри он ҳар авоқиби баъдӣ ва хунам дар гардани ҳамонҳое ҳаст, ки бо ин ки медонанд чӣ қадар дар таҳдиду мушкилоти амниятям, аммо бетаваҷҷуҳӣ мекунанд".

Фаришта Кӯҳистони хатмкардаи яке аз Донишгоҳҳои Деҳлии Ҳидустон буд ва дар Афғонистон яке аз фаъолони хушноми арсаи ҳуқуқи занҳо дониста мешуд, ки алайҳи хушунат ва истибдод дар баробари занон мубориза мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.