“Диссернет” боз як устоди Донишгоҳи Хуҷандро ба асардуздӣ муттаҳам кард

Asia-Plus

Пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” боз як олими дигари тоҷик Мамадалиева Гулнора Абдусатторовна, дотсенти кафедраи равоншиносии умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба асардуздӣ муттаҳам кард. Ин маълумотро пойгоҳ рӯзи 18-уми декабр нашр кардааст.

Ба навиштаи торнамои ин пойгоҳ, Гулнора Мамадалиева  рисолаи номзадии худро дар мавзуъи “Пешгирӣ ва ислоҳи равоншинохтиву омӯзишии изтироб дар наврасони муосир” (Психолого-педагогическая профилактика и коррекция тревожности современного подростка) бахши зиёди кори худро аз рисолаи илмии Сидоркина Стелла Львовна “Формирование социальной ответственности у подростков посредством социально значимой деятельности”, ки соли 2010 дифоъ шудааст бардошта, даст ба асардуздӣ задааст.

Ҳарчанд ин пойгоҳ навиштааст, ки дар кори Мамадалиева  то кунун рӯйбардори густарда ошкор накардааст, аммо навиштааст, ки бархе шӯроҳои дифоъ пешниҳод кардаанд, ки унвонии илми ӯ аз эътибор соқит шавад.

“24 ноябри соли 2020 шӯрои дифоъи рисолаҳои Д 212.199.18 дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи  А.И. Гертсена тавсия додааст, ки дараҷаи илмии номзади илми бону Мамадалиева бекор карда шавад”,-овардааст пойгоҳ.

Гулнора Мамадалиева 27 июни соли 2011 дар шӯрои дифои рисолаҳои 212.162.05 Донишгоҳи давлатии меъмориву сохтмони Нижегород рисолаашро дифоъ кардааст.

То кунун назари бону Гулнора Мамадалиева дар мавриди ин таҳқиқи пойгоҳи “Диссернет” дастрас нест.

Бино ба иттилои торнамои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Гулнора Мамадалиева соли 1971 дар ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст.

Соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси муаллимаи таълими меҳнат хатм кардааст.

Солҳои 1992-1993  ба сифати лаборанти факултаи забонҳои хориҷии ҳамин донишгоҳ, 1995-1997 лаборанти кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ, 1997-2011 муаллим ва сармуаллими ҳамин кафедра, 2011-2013 номзади илм ва аз соли 2013 то ин дам ба унвони дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии «Психологияи умумӣ»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров кор мекунанд. 

Дар гузашта ин пойгоҳ дар корҳои илмии наздик ба 50 олими тоҷик мавридҳои асардуздиро ошкор карда буд, ки дар миёни онҳо афроди шинохтае чун Асадулло Раҳмонов, мушовири президенти Тоҷикистон, Давлаталӣ Сайид, муовини якуми Сарвазир, Давлатшо Гулмаҳмадзода ва ғайра низ буданд.

Мақомоти марбутаи Тоҷикистон кори ин пойгоҳро ғаразнок ва бепоя хонда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...