Гранти навбатии БОР ба Тоҷикистон барои таъмиру навсозии роҳҳои Хатлон

Бонки осиёии рушд (БОР) барои беҳбуди ҳолати роҳҳо дар вилояти Хатлон беш аз 67 млн доллар ҷудо мекунад. Созишномаи дахлдорро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи ваколатдори БОР дар Душанбе Анвар Маҳмудов ба имзо расониданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ. “Арзиши умумии лоиҳа тақрибан 73 млн долларро ташкил медиҳад, ки аз он […]

Бонки осиёии рушд (БОР) барои беҳбуди ҳолати роҳҳо дар вилояти Хатлон беш аз 67 млн доллар ҷудо мекунад.

Созишномаи дахлдорро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи ваколатдори БОР дар Душанбе Анвар Маҳмудов ба имзо расониданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

“Арзиши умумии лоиҳа тақрибан 73 млн долларро ташкил медиҳад, ки аз он наздики 67,5 млн долларашро БОР ҷудо мекунад ва беш аз 5 млн доллар саҳми Тоҷикистон аст ”, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар доираи татбиқи лоиҳа қитъаҳои роҳҳои автомобилгарди Данғара-Оқмазор (28,7 км) ва Ҳулбук-Кангурт (59,5 км), ки  айни замон ҳаракатро мутаносибан барои 4 ҳазору 200  ва 1 ҳазору 300 мошин таъмин мекунанд, таъмиру навсозӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, мақсади асосии лоиҳа ба стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани ҳолати қитъаи роҳи байналхалқӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, таъмин намудани бехатарии ҳаракат ва беҳтар намудани робитаҳои байналхалқӣ дар ҳудуди лоиҳа, инчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ бо роҳи таъмини ҷойҳои нави корӣ дар давраи татбиқи лоиҳа мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, амалисозии Лоиҳаи мазкур соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.