Илҳомҷон Баротов беҳтарин футболбози соли 2020 дар Тоҷикистон эътироф шуд

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва капитани 30-солаи дастаи “Истаравшан” Илҳомҷон Баротов футболбози беҳтарини соли 2020 дар Тоҷикистон эътироф шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, маросими супоридани ҷоизаҳои инфиродӣ аз рӯйи натиҷаҳои сол рӯзи 28 декабр дар барномаи телевизионӣ бидуни иштироки меҳмонон доир гардид. Барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин футболбози сол собиқ нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” Эҳсони […]

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва капитани 30-солаи дастаи “Истаравшан” Илҳомҷон Баротов футболбози беҳтарини соли 2020 дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, маросими супоридани ҷоизаҳои инфиродӣ аз рӯйи натиҷаҳои сол рӯзи 28 декабр дар барномаи телевизионӣ бидуни иштироки меҳмонон доир гардид.

Барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин футболбози сол собиқ нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” Эҳсони Панҷшанбе, собиқ бозингари “Хуҷанд” Фатҳулло Фатҳуллоев, инчунин капитани дастаи “Истаравшан” Илҳомҷон Баротов довталаб буданд.

Дар баробари футболбози беҳтарини сол дониста шудан, Илҳомҷон Баротов ҳамчунин нишонзани беҳтарин ва ҳамлагари беҳтарини мавсими футболи соли 2020 дар Тоҷикистон дониста шуд.

Ҷоизаҳои инфиродӣ ба футболбозони зерин тақддим шуданд: беҳтарин дарвозабон – Рустам Ятимов (”Истиқлол”); беҳтарин ҳимоягар – Фирдавс Чақалов (”Хуҷанд”); беҳтарин нимҳимоятгар – Алишер Ҷалилов (“Истиқлол”); беҳтарин сармураббӣ – Виталий Левченко (“Истиқлол”); беҳтарин довар – Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) ва беҳтарин легионер – украинӣ Алексей Ларин (“Истиқлол”).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.