Бемористони “якум Советский” беморони коронавирусро дигар намепазирад

Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов (воқеъ дар маҳаллаи 1- ум Советский) маъруф ба Бемористони “Якум советский” қабули беморони гирифтори коронавирусро қатъ кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, бинобар кам гардидани муроҷиати беморонии коронавирус муассиса чор рӯз мешавад, ки ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштааст. «Ҳафтаи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов (воқеъ дар маҳаллаи 1- ум Советский) маъруф ба Бемористони “Якум советский” қабули беморони гирифтори коронавирусро қатъ кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, бинобар кам гардидани муроҷиати беморонии коронавирус муассиса чор рӯз мешавад, ки ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштааст.

«Ҳафтаи гузашта дар муассисаи мазкур, 5- 6 бемор боқӣ монда буд ва баъди сиҳат ва ҷавоб додани онҳо аз беморхона, ин даргоҳ пурра зиддиуфунӣ гардида, қабули беморони коронаиврусро қатъ кард».

Бояд гуфт, ки аз 22 декабр, беморхонаи кӯдаконаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе (дар наздикии беморхонаи Истиқлол) низ ба қабули беморон тибқи реҷаи маъмул оғоз намуда буд.

Беморхонаҳои дигари Душанбе моҳи июн ба кори муқаррарӣ баргаштанд ва қабули беморони гирифтори COVID-19-ро қатъ карданд.

Беморхонаи сироятии Душанбе, ки дар маҳаллаи Зарафшон воқеъ аст, пас аз таъмири асосӣ махсуси беморони COVID-19  шуд.

Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов  моҳи март баста шуда буд ва шаҳрвандонеро, ки аз хориҷа бар мегаштанд барои қарантин ба ин беморхона мефиристоданд. Ва аз моҳи май инҷониб бошад беморони коронавирус дар беморхона бистарӣ мешуданд. Кӯдакони гирифтори дигар бемориҳои сироятӣ аввал дар беморхонаи пӯсти шаҳр (дар маҳаллаи Комбинати гӯшт) ва сипас дар клиникаи пӯсти пойтахт (дар маҳаллаи Яккачинор) бистарӣ шуданд.

Манбаъи мо аз Вазорати тандурустӣ илова кард, ки табибони ин беморхона то ҳол дар клиникаи пӯсти пойтахт фаъоляит намуда, ба оҳистагӣ ба муассисаи тиббӣ баргардонида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки ҳоло Беморхонаи бемориҳои сироятӣ воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон беморони гирифтори коронавирусро қабул ва табоат мекунанд. Ин беморхона дар охири моҳи август барои таъмир баста шуда буд ва қабули беморони гирифтори коронавирусро аз нимаи моҳи ноябр оғоз кард.

Дар вилояти Суғд низ беморхонаи вилоятӣ дар миёнаҳои моҳи декабр ба фаъолияти муқаррарӣ баргашта буд. Ҳамчунин бино ба иттилои дарёфтӣ се рӯз пеш дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ низ охирин бемори гирифтори коронавирусро баъди шифо ёфтан, рухсат кардаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.