Филми таърихии «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» баъди феврал ба навор гирифта мешавад

Мавзуна Абдуллоева, Asia Plus

Муассисаи «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки филми таърихи ҳунариеро бо номи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ба навор бигирад. Ҳоло барои наворгирии ин филм озмуни сенарияи беҳтарин идома дорад.

Сармуҳаррири «Тоҷикфилм» Назар Назаров ба “Азия-Плюс” гуфт, чанд сол шуд мо наъқша доштем як филми таърихӣ ба навор бигирем.

“Ҳамчунин ин савол, ҳама вақт дар нишасти матбуотӣ дода мешуд, ки кай мо филми таърихӣ месозем. Баъдан дар соли 2020 «Тоҷикфилм» тасмим гирифт як филми таърихӣ дар бораи кишварамон – Тоҷикистон бардошта шавад. Мо аз моҳи январи соли 2020 озмунро элон кардем, аз руй нақша бояд дар моҳи марти соли равон ҷамбаст мекардем, аммо аз сабаби бемории коронавирус ин кор барои баъд гузошта шуд”.

Назар Назаров мегӯяд, ки ният дорем, ки ин озмунро дар моҳи феврали соли 2021 ҷамбаст кунем. То ин муддат чанд сенария пешниҳод карда шуд, то ҷамъбасти озмун мо сенарияҳои беҳтаринро қабул мекунем, гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин масъули “Тоҷикфилм” пас аз ҷамъбаст шудани озмун муайян мешавад, ки барои ин филм чӣ миқдор пул лозим аст. Пул аз ҳисоби будиҷаи давлат, ки барои «Тоҷикфилм» ҷудо шудааст, ихтисос дода мешавад.

Лекин барои ин филм пули калон лозим аст, чунки филми таърихи пули калонро талаб мекунад,- гуфт Назаров.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...