Ба қонун дар бораи мукофотҳои давлатӣ тағйирот ворид шуд

Ҳукумати Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон" тағйирот ворид намуд, ки дар онҳо истифодаи бепули нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) барои доранагони унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст. Қарори дахлдор дар ин хусус 17 декабри соли равон аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шудааст. То ин дам дорандагони унвони Қаҳрамони Тоҷикистон чунин имтиёзҳо доштанд: – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон" тағйирот ворид намуд, ки дар онҳо истифодаи бепули нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) барои доранагони унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст.

Қарори дахлдор дар ин хусус 17 декабри соли равон аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шудааст.

То ин дам дорандагони унвони Қаҳрамони Тоҷикистон чунин имтиёзҳо доштанд:

– иловапулии ҳармоҳа ба нафақае, ки барояш таъин шудааст, ба андозаи 100 фоиз;

– мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар навбати аввал бо манзил таъмин кардан;

– пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, ки ӯ ва аъзои оилааш дар он зиндагӣ менамоянд, инчунин пардохти хизматрасонии коммуналӣ ба андозаи 50 фоиз;

– дар мавриди эҳтиёҷ доштан ба табобати осоишгоҳи муолиҷавӣ ҳар сол додани роҳхати ройгон ба осоишгоҳ ва ё хонаҳои истироҳатӣ;

– як маротиба дар як сол дар ҳудуди Тоҷикистон рафтуомади ройгон тавассути нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё байнишаҳрӣ.

То ин дам 6 нафар унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон”-ро доранд: Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.