Раҳмону Путин якдигарро ба Соли нав табрик карданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин президенти Русия, имрӯз дар як суҳбати телефонӣ ҳамдигарро ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфтаанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбъ Эмомалӣ Раҳмон “ба мардуми дӯсти Русия дар роҳи пешрафт ба сӯи шукуфоиву тараққӣ дар оянда ҳам собитқадамӣ орзу намуд”. Дар иттилоияи […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин президенти Русия, имрӯз дар як суҳбати телефонӣ ҳамдигарро ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфтаанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбъ Эмомалӣ Раҳмон “ба мардуми дӯсти Русия дар роҳи пешрафт ба сӯи шукуфоиву тараққӣ дар оянда ҳам собитқадамӣ орзу намуд”.

Дар иттилоияи дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин омадааст.

“Қайд карда шуд, ки ҷонибҳо, сарфи назар аз мушкилоти соли равони вобаста ба пандемияи коронавирус, тавонистанд, ки як силсила чорабиниҳои барои кишварҳои худ муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла раъйпурсии умумроссиягӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Қонуни Асосии кишвар ва интихоботи парламентиву президентӣ дар Тоҷикистонро муваффақона анҷом диҳанд. Дар ин зимн ҳамчунин аҳаммияти чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ифодагари ҳамдилии халқҳои ду кишвар мебошанд, қайд карда шуд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат изҳори боварӣ кардааст, ки “саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо дар Соли нав низ натиҷабахш хоҳанд буд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.