Коронавирус: Академияи илмҳо озмоишгоҳи вирусологӣ таъсис медиҳад

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли 2021 барои ихтироъ ва истеҳсоли доруворӣ алайҳи коронавирус озмоишгоҳи вирусологӣ таъсис бидиҳад. Дар ин бора Президенти академия Фарҳоди Раҳими ба хабаргузории “Ховар” гуфтааст. Фарҳод Раҳимӣ гуфтааст, ки ниҳоди зери раҳбарияш бо кишварҳои Чину Белорус дар созишнома бастааст ва бо кушода шудани роҳҳо нахустин мутахассисонро барои омӯзиш ба […]

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли 2021 барои ихтироъ ва истеҳсоли доруворӣ алайҳи коронавирус озмоишгоҳи вирусологӣ таъсис бидиҳад. Дар ин бора Президенти академия Фарҳоди Раҳими ба хабаргузории “Ховар” гуфтааст.

Фарҳод Раҳимӣ гуфтааст, ки ниҳоди зери раҳбарияш бо кишварҳои Чину Белорус дар созишнома бастааст ва бо кушода шудани роҳҳо нахустин мутахассисонро барои омӯзиш ба онҷо мефиристанд.

«Имрӯз дар ҷумҳурӣ бе доштани чунин озмоишгоҳҳо  ихтироъ ва истеҳсоли маводи доруворӣ бар зидди коронавируси COVID-19 ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, сараввал Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мекӯшад, ки мутахассисон дар пояи ин муассисаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ коромӯзӣ намуда, тадқиқот баранд ва баъдан чунин озмоишгоҳҳо  таъсис дода шаванд»,- гуфтааст Фарҳод Раҳимӣ.

Президенти Академия гуфтааст, ки барои таъсиси озмоишгоҳ имконияти молиявӣ вуҷуд дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.