«Сомон Эйр» аз қоидаҳои нави вуруд ба Истанбул огоҳ мекунад

Иттилоияи расмӣ

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз моҳи январи соли 2021 шумораи парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе зиёд менамояд. Аз санаи 12-уми январ парвозҳо ба самти Истанбул ва баргашт ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе иҷро мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 06:20, аз Истанбул 11:05 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Дар иттилоияи расмии ширкат дар ин робита қайд мешавад, ки қоидаҳои нави вуруд ба қаламрави Истанбул ҷорӣ шудаанд.

Мутобиқи талабот, кулли мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Пеш аз нишасти ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсусро (the Passenger Locator Form) пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд.

Тибқи қоидаҳои нави аз ҷониби вазорати тандурустии Туркия муқарраршуда, ки аз 30-юми декабри соли 2020 то 1-уми марти 2021 амал хоҳанд кард, кулли мусофирони аз 6-сола боло, аз ҷумла мусофирони транзитӣ бояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд.

Маълумотнома бояд аслӣ бошад ва аз ҷониби лабораторияи акредитатсиядошта бо муҳри муассисаи тиббӣ гирифта шуда бошад. Ашхоси мубталои вируси СOVID-19 ва шахсоне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба СOVID-19-ро надоранд ба парвоз роҳ дода намешаванд.

Ёдрас мешавад, ки барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус (COVID-19) ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Истанбул кулли мусофирон бояд аз санҷиши нишонаҳои коронавирус гузаранд.

Мусофироне, ки дар онҳо сирояти СOVID-19 муайян мегардад ё ин ки маълумотномаи натиҷаи манфии ПСР-тестро пешниҳод карда наметавонанд, давоми 7 рӯз дар макони дар анкета дарҷшуда ба карантин гирифта мешаванд.

Агар мусофир пешакӣ макони будубоши худро дар Туркия қайд накарда бошад, дар ҷойи муайянкардаи вазорати тандурустии Туркия ба карантин гирифта мешавад.

Дар ҳолати муайян шудани гирифторӣ ба коронавирус (натиҷаи мусбат додани ПСР-тести COVID-19) пас аз 7 рӯзи карантин мусофир аз ҳисоби худ ва ё аз ҳисоби ширкати суғуртаи тиббӣ табобати зарурӣ мегирад. Аз ин лиҳоз ҳатман доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад.

Ба диққати мусофирони хатсайри Истанбул – Душанбе:

Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон бояд маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад. Ба шаҳрвандони Туркия иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ барои вуруд ба Тоҷикистон лозим нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...