ИМА ба Тоҷикистон барои муқовимат бо коронавирус 200 зарфи оксигени тиббӣ дод

Ҳукумати ИМА барои дастгирии системаҳои оксигени тиббӣ бар зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 2,6 миллион доллар ҷудо мекунад. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе, тавассути Намояндагии нави Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID), қисми аввали таҷҳизоти таъминоти оксигени тиббӣ барои бемороне, ки зидди COVID-19 мубориза мебаранд, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии […]

Иттилоияи расмӣ

Ҳукумати ИМА барои дастгирии системаҳои оксигени тиббӣ бар зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 2,6 миллион доллар ҷудо мекунад.

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе, тавассути Намояндагии нави Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID), қисми аввали таҷҳизоти таъминоти оксигени тиббӣ барои бемороне, ки зидди COVID-19 мубориза мебаранд, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд.

Ин барномаи дастгирии оксигенӣ илова ба тақрибан 5 миллион доллар кумаки тиббӣ мебошад, ки ҳукумати ИМА аллакай барои мубориза бар зидди COVID-19 дар тӯли соли 2020 ба Тоҷикистон расонидааст.

Иҷрокунандаи вазифаи директори Намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс ба муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода 200 зарфи оксигени тиббиро дар маросими расмӣ имрӯз супорид.

Тоҷикистон дар қатори 11 кишварҳое, ки аз ҳукумати ИМА кӯмаки оксигенӣ мегиранд, қарор дорад ва ин дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 18 миллион долларро ташкил медиҳад.

Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм талошҳои Тоҷикистонро барои пешгирии паҳншавии COVID-19 арзгузорӣ намуда, қайд кард: «Мо шарикии худро бо мардуми Тоҷикистон қадр мекунем ва садоқати худро баҳри ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 изҳор менамоем.»

Оксигени иловагӣ табобати муҳим ва наҷотбахши одамони мубталои COVID-19 мебошад. Илова ба зарфҳои оксигенӣ Сафорати ИМА дар соли оянда барои насб намудан дар беморхонаҳои Тоҷикистон се дастгоҳи пешрафтаи тавлиди оксигенро таъмин хоҳад кард.

Аз оғози пандемияи COVID-19, Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои беҳтар намудани таъминоти оксигенӣ, фаъолияти лабораторияҳои тиббӣ, фароҳам овардани имкониятҳои шуғл барои шахсони бекормонда, дастгирии ғизоӣ ба осебпазиртарин қишри аҳолӣ ва ғайра бештар аз 7,5 миллион доллар таъмин намудаст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.