Ҳамсари Баҳром Иноятзода дар Кӯлоб даст ба эътироз задааст

Asia-Plus

Дилором Самиева ҳамсари Баҳром Иноятзода – шаҳрдори пешини Кӯлоб дар назди бинои додгоҳи минтақа даст ба эътироз задааст. Ӯ гуфтааст, ки моҳҳо барои дидорбинӣ бо шавҳараш талош мекунад, вале иҷоза намедиҳанд шавҳарашро бибинад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Дар Додгоҳи минтақаи Кӯлоб ба  “Озодӣ” сабабҳои роҳ надодани пайвандони Иноятзодаро барои дидор бо ӯ шарҳ надоданд.

Аммо як мақоми додгоҳ дар суҳбат тасдиқ кардааст, ки Дилором Самиева пас аз нисфирӯзии 30-юми декабр ба назди бинои додгоҳ рафта, ҳудуди ним соат бо садои баланд дод задааст. "Фарёд мекашид, ки "маро ҳамроҳ бо шавҳарам зиндонӣ кунед, беинсофҳо". Посбонҳо ӯро аз назди бино дур карданд", — гуфт мусоҳиби мо.

Пайвандони Дилором Самиева гуфтанд, пас аз ин ҳодиса фишораш баланд шуда, баъди хӯрдани дору феълан имкони суҳбат карданро надорад.

Хоҳари Баҳром Иноятзода Муҳаббат Иззатова ҳам гуфтааст, ки аз моҳи июн то ин дам ба онҳо иҷозаи мулоқот надодаанд. "Охир, як бор бинем, ки ӯ чӣ ҳол дорад. Ҳамсараш ба ҷон омад ва имрӯз рафт. Мегӯянд, аз "боло" иҷозат нест. "Боло" кӣ аст? Мисли тӯби футбол шудаем, намедонем, додамонро ба кӣ бигӯем", – гуфтааст ӯ ба Озодӣ.

Баҳром Иноятзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб рӯзи 20 ноябр ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.Парвандаи раиси пешини Кӯлоб дар додгоҳи минтақавии вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ мешуд.

Иноятзода бо 6 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: суистифода аз ваколатҳои мансабӣ; гирифтани пора дар ҳаҷми бузург; аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда; қаллобӣ; ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада муттаҳам мешуд.

Ба ҷуз Баҳром Иноятзода чор нафари дигар низ дар ин парванда шомил буданд. Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ дар нисбати онҳо чи ҳукме содир кардааст. Гумонбарони дигар дар ин парванда Хурсандалӣ Хурамов  ронандаи Иноятзода бо ду модда: 247 қисми 2, (қаллобӣ), 36 (шарикӣ), 319 қисми 4; Фирӯз Қурбонов, сармутахассиси шуъбаи шаҳрсозии ҳукуматаи шаҳри Кӯлоб бо моддаҳои 36 қисми 2, 319 қисми 4; Ашӯрмадов Хуршед Ҳасанович, мудири қисми хоҷагии ҳукумати ин шаҳр бо моддаҳои 245 қисми 3, банди «а», 245 қисми 3, 323, Муҳаммадӣ Шамсиддинов,масъули ҳамлу нақли сангҳои ороишӣ барои таъмири бинои Ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо моддаи 259 қисми 2 буданд.

Баҳром Иноятзода  то омадан ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб дар гузашта раиси шаҳри Истаравшан ва узви Маҷлиси Миллӣ буд.Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард ва ӯро яке аз "Хоҷа Аҳрорвалиҳои нав" гуфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...