“Ҳосилот”-и Кӯшониён пирӯзи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ футболи миёни деҳаҳо шуд

Дастаи футболи деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Кӯшониён барандаи ҷоми мусобиқаи футбол байни деҳаҳои кишвар гардид. Тавре Парвиз Азимов, директори муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ” – и ноҳияи Кӯшониён ба “Азия-Плюс” хабар дод мусобиқа бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаёти солим байни деҳаҳои кишвар баргузор гардид. “Мусобиқа ҳанӯз аз моҳи марти соли 2020 […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дастаи футболи деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Кӯшониён барандаи ҷоми мусобиқаи футбол байни деҳаҳои кишвар гардид.

Тавре Парвиз Азимов, директори муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ” – и ноҳияи Кӯшониён ба “Азия-Плюс” хабар дод мусобиқа бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаёти солим байни деҳаҳои кишвар баргузор гардид.

“Мусобиқа ҳанӯз аз моҳи марти соли 2020 оғоз шуда, дар марҳилаи аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, марҳилаи дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва марҳилаи ниҳоӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил карда шуд. 

Дастаи деҳаи Ҳосилоти ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён дар сатҳи ноҳия ва вилояти Хатлон ҷойи аввалро соҳиб шуда ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз 21 то 26 декабр дар шаҳри Душанбе идома кард. Дастаи Ҳосилот дар финал бо дастаи ноҳияи Нуробод ба майдон баромад ва бо ҳисоби 1:0 бозиро бурд. Бо ҳамин Ҳосилот барандаи мусобиқаи футбол байни деҳаҳои кишвар гардид”,- мегӯяд Парвиз Азимов.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ғолиби мусобиқа дастаи Ҳосилот ҷоми мусобиқа, ифтихорнома ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот тақдим кард. Бояд гуфт, ки ҷойҳои дуюму сеюм дар ин мусобиқа насиби дастаи Нуробод ва ноҳияи Дарвоз гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.