Русия барои Навалний парванда боз кард: барои дуздии миллионҳо

Русия алайҳи Алексей Навалний яке аз раҳбарони мухолифи давлат дар ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кард. Кумитаи тафтишотии Русия ин раҳбари мухолифини русро дар дуздии миллионҳо рубли хайрия барои созмони ыамъиятии зери ращбарияш муттаҳам медонад. Муфаттишони ин ниҳод гуфтаанд, ки Навалний пулҳои хайрияро барои манфиатҳои хусусиаш истифода бурдааст. Алексей Навалний баъди заҳролудшавии мармуз ба Олмон бурда […]

Русия алайҳи Алексей Навалний яке аз раҳбарони мухолифи давлат дар ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кард. Кумитаи тафтишотии Русия ин раҳбари мухолифини русро дар дуздии миллионҳо рубли хайрия барои созмони ыамъиятии зери ращбарияш муттаҳам медонад.

Муфаттишони ин ниҳод гуфтаанд, ки Навалний пулҳои хайрияро барои манфиатҳои хусусиаш истифода бурдааст. Алексей Навалний баъди заҳролудшавии мармуз ба Олмон бурда шуда буд, ки ҳоло дар онҷо муолиҷа мешавад.

Бар асоси парвандаи нав, агар Навалний ба Русия боз гардад имкон дорад барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шавад.

Алексей Навалний дар посух ба ин амалкарди мақомоти кишвараш гуфтааст, ки “иттиҳомот беасос аст ва ҳукумат мехоҳад, аз ӯ барои зинда мондан ва ошкор кардани маъмурони амниятӣ, ки мехостанд, ӯро бикушанд, қасос бигирад”.

Алексей Навалний пас аз ин ки аз заҳролудшавӣ ҷон ба саломат бурд, дар чанде аз матолиби таҳқиқотӣ ба василаи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки заҳролуд шуданаш кори дасти хадамоти амниятии Русия буд.

Алексей Навалний, ки як созмони мубориза бо коррупсия дорад, чандин сол аст, дар бораи фасоду ришвахорӣ дар байни мақомоти баландпояи Русия гузоришҳои таҳқиқотӣ нашр мекунад. Ӯро то кунун чандин бор барои муддатҳои кутоҳ зиндонӣ карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...