Дахолати УБОП ба қазияи Робияи Холмирзову Фаридуни Хуршед

Робияи Холмирзо шоири тоҷик ва сардабири нашрияи “Анбоз” мегӯяд, ки баъди расонаӣ шудани даъвояш бар сари як шеъраш бо овозхон Фаридуни Хуршед ӯро ба Раёсати ҷиноятҳои муташаккили ВКД даъват кардаанд. Аммо шоир мегӯяд, ки ӯ мунтазири узрпурсии овозхон мондааст ва аз навиштани ариза худдорӣ кардааст. Робияи Холмирзо мегӯяд ӯ мунтазир аст, ки овозхон Фаридуни Хуршед […]

Робияи Холмирзо шоири тоҷик ва сардабири нашрияи “Анбоз” мегӯяд, ки баъди расонаӣ шудани даъвояш бар сари як шеъраш бо овозхон Фаридуни Хуршед ӯро ба Раёсати ҷиноятҳои муташаккили ВКД даъват кардаанд. Аммо шоир мегӯяд, ки ӯ мунтазири узрпурсии овозхон мондааст ва аз навиштани ариза худдорӣ кардааст.

Робияи Холмирзо мегӯяд ӯ мунтазир аст, ки овозхон Фаридуни Хуршед ба ӯ тамос мегираду 200 долларе, ки ӯ барои шеъраш талаб дорад онро мепардозаду аз ӯ дар расонаҳо расман узр мепурсад.

Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта Робияи Холмирзо аз овозхон Фаридуни Хуршед барои бидуни иҷоза хондани як шеъраш ва ҳамчунин дар намоҳанги тарона ба каси дигар нисбат додани он шеър талаб кард, ки ба василаи расонаҳо узрхоҳӣ кунад ва ҳамчунин 200 доллар ҳаққи шеърашро пардохт кунад.

Фаридуни Хуршед овозхони дар миёни ҷавонон маҳбуб бар матни як навиштаи Робияи Холмирзо оҳанг баста, таронаро бо номи “Ойиша” хондааст. Дар намоҳанги ин тарона, ки дар Ютуб дастрас аст, матни он моли Раҷ Аҳмад гуфта шудааст.

Продюсери Фариддуни Хуршед Диловари Мизроб  ба “Азия Плюс” гуфт, ки онҳо омодаанд аз шоир Робияи Холмирзо тариқи расонаҳо ва аз ҷумлаи “Азия-плюс” узр бипурсанд.  “Хатоӣ аз тарафи ман шудааст, дар ин ҷо на Фариддуни Хуршед ва на Раҷ Аҳмад гуноҳ надоранд. Чунки бисёр вақт сурудҳои Фарзонаи Хуршед ва Фариддуни Хуршедро Раҷ Аҳмад таҳрир мекунад”.

Ӯ мегӯяд, вақте ман ба қаҳвахона рафтам дар он ҷо Раҷ Аҳмад ин шеъро таҳрир мекард, ман дар зери матни шеър Раҷ Аҳмад навиштам.

Продюсери овозхон мегӯяд, ки худи бону Робияи Холмирзо ба ман занг назадааст.

“Писараш ба ман занг зада дар соати 9 шаб ва дағалона суҳбат кард.  Ман баъдан суол кардам, ки модаратон ба Шумо ҳаққи муаллифӣ додааст, гуфтанд не. Ман гуфтам, ки инҷо ту ҳаққи даъво надорӣ, бигзор модарат ба ман занг занад. Дар сурате, ки Робияи Холмирзо ба ман занг мезаданд, ҳатман аз онҳо узр мепурсидам. Сари хамро шамшер набуридааст”.

Аммо ба гуфти шоир Робияи Холмирзо бо гузашти як ҳафта то ҳол ба ӯ ягон кас занг назадааст ва узр ҳам напурсидааст. Шоир мегӯяд, агар онҳо дар тамос шаванду талабҳои маро иҷро кунанд аз шикоят ба додгоҳ худдорӣ мекунам.

Ҳоло шоир мегӯяд ҳаққи шеъри худро талаб мекунад, ба шуниди ман ҳоло овозхонҳо барои як матни тарона 200 доллар ба муаллифи он медиҳанд. “Ба ҳамин сабаб ман ин пулро аз овозхон талаб дорам. Дар асл ягон вақт шеъри худро намефӯрушам, пеш аз ин ҳам овозхонҳои тоҷик бо шумули Манижа Давлатоваву Зиёвиддини Нурзод шеърҳои маро хонданд, аммо аз онҳо пул талаб накардам, зеро иҷозат пурсида буданд”, – иддао дорад бону Робия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.