Аз оғози сол ҳаҷми боҷҳои давлатӣ зиёд шуданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз 1 январи соли 2021 ҳаҷми пардохтҳои гуногуни ҳатмии давлатӣ, аз ҷумла боҷҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 3,4% зиёд шуд, ки ба болоравии ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб вобаста аст.

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар соли равон 60 сомонӣ муқаррар шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи то охири соли равон амалкунанда (58 сомонӣ) ба андозаи 3,4% зиёдтар мебошад.

Мутобиқи меъёрҳои Буҷети давлатӣ, ин нишондиҳанда барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории кишвар татбиқ карда мешавад.

Акнун чӣ қадар пардохт мебояд кард?

Дар зер доир ба боҷҳои давлатие маълумот хоҳем дод, ки бештар маъмуланду ба мардум лозим меояд, ки бо онҳо зиёдтар сарукор дошта бошанд.

Ба ин тариқ, ҳаҷми боҷи давлатӣ барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ё дароз кардани муҳлати он аз 87 то 90 сомонӣ, раводиди чандинкарата аз 116 то 120 сомонӣ зиёд шуд.

Имсол боҷ барои гузоштани апостил ба шахсони воқеӣ аз 1 январ 37,4 сомонӣ (қаблан – 36,2 сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ – 75 сомонӣ (қаблан – 72,5 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми боҷи имсола барои сабти ташкилоти байнулмилалӣ аз 5800 сомонӣ то ба 6000 сомонӣ, ташкилоти тиҷоратӣ – аз 1450 сомонӣ то ба 1500 сомонӣ, ташкилоти ғайритиҷоратӣ – аз 406 сомонӣ то ба 420 сомонӣ афзуд.

Арзиши боҷ барои бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ (патент) 60 сомонӣ (пештар – 58 сомонӣ) ва сабти соҳибкори инфиродӣ (бо шаҳодатнома) – 120 сомонӣ (пештар – 116 сомонӣ) муқаррар шудааст.

Имсол барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият 120 сомонӣ (қаблан – 116 сомонӣ) ва тасдиқи ҳуҷҷат дар нотариус – 1,20 сомонӣ (қаблан – 1,16 сомонӣ) боҷи давлатӣ пардохт кардан лозим меояд.

Боҷ барои сабти ақди никоҳ бо шаҳрванди хориҷӣ имсол 120 сомонӣ (қаблан – 116 сомонӣ) нарх хоҳад дошт.

Ҳаҷми боҷ барои бекор кардани ақди никоҳ бо қарори суд аз 1 январ 60 сомонӣ (қаблан – 58 сомонӣ) ва бо розигии тарафайн – 90 сомонӣ (пештар – 87 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...