Чор ҳолати нави коронавирус баъди 2 рӯзи сироят нашудан дар Тоҷикистон

Баъд аз ду рӯзи сабти ном нашудани сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон шоми 2 январ Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар кишвар 4 ҳолати нав сабти ном шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар мақомот хабар медиҳад.  Рӯзҳои 31-уми декабр ва 1-уми январ Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки дар […]

Asia-Plus

Баъд аз ду рӯзи сабти ном нашудани сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон шоми 2 январ Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар кишвар 4 ҳолати нав сабти ном шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар мақомот хабар медиҳад. 

Рӯзҳои 31-уми декабр ва 1-уми январ Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки дар ин рӯзҳо ҳеч ҳолати нави сироятёбӣ ба ин вирус дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст, ҳарчанд ҷузъиёти ин хабарро мақомот дар ихтиёри расонаҳо нагузошта буданд. 

Ҳоло бар асоси иттилои дарёфтӣ то 2-уми январи соли 2021 дар Тоҷикистон 13300 нафар гирифтори СOVID-19 шудаанду 90 кас бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додааст. Аз ин шумора ба иттилои Вазорати тандурустӣ 12980 нафар сиҳат шудаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.