Футболбоз Нуриддин Давронов бо пайравӣ аз даъвати Рустами Эмомалӣ дарахт шинонид

Сайфиддин Қараев

Футболбози маъруфи тоҷик Нуриддин Давронов дар навори видеоии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон иштирок карда, аз ҷавонон даъват намуд, ки ташаббуси раиси шаҳри Душанберо дар мавриди сабзгардонии пойтахт дастгирӣ кунанд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори”Азия-Плюс” ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки масъалаи экология барояш хеле муҳим аст, “зеро Тоҷикистон ва аз ҷумла, пойтахти он хонаи умумии ҳар яки мост”.

“Ҳама дар хонааш рӯбучин карда онро тозаву ботартиб нигоҳ медорад, пас зарур аст, ки ба табиат ва ҳамаи он чизе, ки моро иҳота мекунад, низ чунин муносибат намуд”, – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи футболбоз, ӯ бо камоли мамнуният пешниҳоди Кумитаро дар наворбардорӣ қабул карда, ба ин васила талошҳои ба ҳифзи муҳити зист ва ғамхорӣ ба экология нигаронидашударо дастгирӣ менамояд.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти экологии Кумита, дар доираи иқдоми Рустами Эмомалӣ оид ба сабзгардонии пойтахт аз ҷониби ин ташкилот ва воҳидҳои зерсохтори он аллакай зиёда аз 6000 бех дарахт шинонида шудааст.

“Ин саҳми ман ба дастгирии ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аст, ки аз сокинон даъват ба амал овард, ки ба ободониву ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт ҳар яке саҳм гузорад”, – гуфт Нуриддин Давронов.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки ҳар кадоме аз сокинони шаҳри Душанбе бо қаноатмандӣ ба ин ташаббуси ғамхорона ва саривақтии раиси пойтахт пайравӣ хоҳад кард. Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...