Хатсайр ба Тошканд якто буда, парвоз ба Бишкек бекор шуд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон – Uzbekistan Airways рӯзи 5 январ парвози якуми чартериро бо хатсайри Тошканд-Душанбе пас аз қатъи алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо аз моҳи марти соли гузашта анҷом медиҳад.

“Ин на парвози доимии чартерӣ, балки танҳо як парвози тиҷоратӣ мешавад. Ба мо маълум нест, ки киҳо бо он парвоз мекунанду хатсайри дигар бо ин хатсайр кай анҷом дода мешавад”, – қайд кард як манбаи “Азия-Плюс”, ки ба сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон наздик аст.

Дар сомонаи ширкати Uzbekistan Airways ишора мешавад, ки арзиши билети дараҷаи эконом-класс ба ин хатсайр ба як самт 162,5 доллар ва бизнес-класс – 225,5 долларро ташкил медиҳад.

Ҳавопаймои ин хатсайр фардо соати 10:30 дақиқа ба фурудгоҳи Душанбе нишаста, соати 12:00 бозпас ба Тошканд парвоз мекунад.

Дар ҳамин ҳол, анҷоми парвоз бо хатсайри Душанбе-Бишкек-Душанбе ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Нимаи моҳи декабр агентии сайёҳии “Эсал Трэвел Групп”-и Қирғизистон дар бораи оғози парвозҳои чартерӣ бо ин хатсайр аз 29 декабр хабар дод, ки онро бояд ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба анҷом мерасонид.

“Мутассифона, бар асари кам будани мусофирон мо маҷбур шудем, ки ин парвозро ба вақти дигар гузаронем, чунки пули билетҳои харида хароҷот ба ин парвозро бароварда намекард. Акнун эҳтимол охири моҳи январ бо зиёд шудани талаботи мусофирон парвози аввалинро бо ин хатсайр анҷом диҳем. Мусофиронеро, ки аллакай билет харида буданд, дар бораи ба дигар вақт гузаронидани парвоз огоҳ кардем. Бо дақиқтар шудани санаи парвоз боз хабар медиҳем, ҳозир мусофирон метавонанд билет фармоиш диҳанд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз агентии сайёҳии “Эсал Трэвел Групп”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...