Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз президент хостанд ҷазои кӯдакозории ҷинсӣ сахтар шавад

Asia-Plus

Гуруҳе аз созмонҳои ҷамъият ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли як муроҷиатнома ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони маҷлисҳои болоиву поёни парлумон Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзо ва Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостаанд, ки таваҷҷуҳи давлат ба масъалаи хушунати шаҳвонӣ дар баробари кӯдакон дар Тоҷикистон бештар шавад ва қонун ҷазоҳои сахтаре пешбинӣ кунад.

Дар ин нома, ки нусхае аз он дар ихтиёри "Азия-Плюс" қарор гирифт 54 созмонӣ ҷамъиятӣ ва фаъолони иҷтимоӣ имзо гузоштаанд. Ин гуруҳ хостори роҳандозии "фанҳои тарбия/таълими масоили ҷинсӣ барои кӯдакони аз синни 4 сола ва боло мутобиқи инкишоф ва дарки масоили мазкур дар гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ" дар низоми таҳсилоти кишвар шуда, тақозо кардаанд, ки кори Комиссия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла ташрифи мунтазам ба оилаҳо ва таълими падару модарон тақивят ёбад. 

Ин фаъолони иҷтимоӣ дар муроҷиати худ бо ишора ба зиёд шудани мавридҳои хушунати шаҳвонӣ дар баробари кӯдакон дар ҷаҳон ва Тоҷикистон гуфтаанд, ки хостори таваҷҷуҳи бештари давлат, мақомот ва ҷоме барои пешгирӣ ва аз миён бурдани ин падида ҳастанд. 

"Мо, имзогузоштагон, ҳамчун ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мехоҳем диққати шуморо ба нуқтае ҷалб кунем, ки ҳам Ҳукумати кишвар ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ба таври дақиқ дарк намоянд, ки чӣ гуна наслро мо мехоҳем ба воя расонем ва чӣ тавр онро метавонем аз муносибати бераҳмона ва зӯроварӣ эмин дорем. Дар ин ҷода мо бояд нисбати тақдири хушбахтонаи кӯдак эҳтиёткор бошем ва самаранокии чораҳои андешидашавандаро таъмин намоем. Аз ин лиҳоз, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои мукаммал гардонидани қонунгузорӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҷодаи пешбинӣ намудани ҷазои сахттар барои ҷинояти хусусияти шаҳвонӣ дошта нисбати кӯдакон, хусусан духтарон, инчунин оид ба ҳифз ва пешгирии зӯроварии шаҳвонӣ нисбати кӯдакон, бахусус духтарон чораҳои зарурӣ андешида шавад".

Ин муроҷиаткунандагон гуфтаанд, ки омори воқеии хушунати шаҳвонӣ ё кӯдакозории ҷинсӣ дар Тоҷикистон номаълум аст, аммо танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2020 16 ҳолати пурсарусадои таҷовузи кӯдакон расонаӣ шудааст. Онҳо ишора кардаанд, ки яке аз қурбониёни ин падида кӯдаки сесола будааст, ки як ҷароҳии мушкили бисёрсоатаро пушти сар кардаву як моҳ дар шуъбаи эҳёи бемористон табобат шудааст.

Ин фаъолони ҷомаи шаҳрвандӣ ҳамчунин аз ҳодисаи пурсау садои борҳо таҷовуз шудани як кӯдаки 12-сола ва фарзанд таваллуд кардани он ёд карда, гуфтаанд, ки "ҷазои нисбати шахси зӯровар дар доираи парвандаи мазкур таъингардида беғаразии мақомоти судӣ ва дарназардошти манфиатҳои кӯдакро зери шубҳа мегузорад".

Дар ин муроҷиат гуфта шудааст, ки Тоҷикистон узви Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Конвенсияи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон буда, дар конвенсияҳои мазкур ба андешидани тамоми чораҳои самаранок барои ҳифзи кӯдакон, хусусан духтарон аз тамоми намудҳои хушунат, аз ҷумла хушунати шаҳвонӣ даъват ба амал оварда мешавад.

Бо ишора ба моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  – “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд” ва моддаи 11 қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” гуфтаанд, ки ҳуқуқи кӯдак ба озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ муқаррар гардидааст.

Сарфи назар аз ин ҳама муроҷиаткунандагон гуфтаанд, ки "низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, хусусан духтарон ҳоло ҳам самаранок набуда, ба ислоҳоти ҷиддӣ барои таҳияи механизмҳои нисбатан самаранок оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, хусусан духтарон аз ҳамаи шаклҳои хушунат, хусусан хушунати шаҳвонӣ ниёз дорад" ва хостори овардани ислоҳот шудаанд. 

Ин гуруҳ пешниҳод кардааст, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти лозим дароварда шавад. Аз ҷумла сину соле, ки розигии шахс барои алоқаи ҷинсӣ дода мешавад аз 14 ба 16 солагӣ бурда шавад. Ҳамчунин ин гуруҳ "бо мақсади гирифтани пеши роҳи имконияти қатъ намудани таъқиби ҷиноӣ бо сабаби оштишавии ҷонибҳо мутобиқи қисми 1, моддаи 138 “Таҷовуз ба номус” хостори тағйирот дар моддаи 24 КМҶ ҶТ шудаанд.

Ин гуруҳ ҳамчунин хостаанд, ки марказҳои давлатии тавонбахшӣ барои ин гуна қурбониён, таҳияи сиёсати миллӣ оид ба пешгирии хушунат нисбат ба кӯдакон, хусусан духтарон ташкил шавад ва дигар аснод дар сатҳи давлатӣ пазируфта шаванд. 

Ин гуруҳ ҳамчунин хостаанд, ки талошҳои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин росто муштарак шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...