Ҷасади ронандаи дар садама ҳалокшуда аз ҷарии 300 метр берун оварда шуд

Ҳодисаи садамаи нақлиёт рӯзи 5 январ дар километри 146-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод: автомашинаи боркаш ба ҷарии  чуқур сарозер шуд. Соати 12:10 ба рақами навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи ин ҳодиса огоҳӣ расид. Зикр шуд, ки дар наздикии ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҳодисаи садамаи нақлиёт рух додааст, хабар дод ба […]

Ҳодисаи садамаи нақлиёт рӯзи 5 январ дар километри 146-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод: автомашинаи боркаш ба ҷарии  чуқур сарозер шуд. Соати 12:10 ба рақами навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи ин ҳодиса огоҳӣ расид.

Зикр шуд, ки дар наздикии ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҳодисаи садамаи нақлиёт рух додааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, сокини 53-солаи ноҳияи Шаҳристон ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷариии чуқуриаш 300 метр сарозер шудааст, ки дар натиҷа ронанда дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст”, – гуфт ӯ.

Наҷотбахшон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ба ҷарӣ фаромада, бо истифода аз асбобу лавозимоти махсус ҷасади ронандаро аз мошини пачақшуда берун оварданд ва ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳамеша ҳушёриро аз даст надода, ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин реҷаи суръатро риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.