Чин коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустиро ба Вуҳан роҳ надод

Чин ба коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иҷоза надод ба ин кишвар бираванд ва далелҳои хуруҷи бемории коронавируси COVID-19-ро таҳқиқ кунунад. Қарор буд ин коршиносон ба шаҳри Вуҳани Чин, ки нуқтаи оғози ин бемории ҳамагир буд бираванд.  Дар ин бора Тедрос Аданом Гебрейесус, роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар додааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки пештар барои рафтани ин […]

Asia-Plus

Чин ба коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иҷоза надод ба ин кишвар бираванд ва далелҳои хуруҷи бемории коронавируси COVID-19-ро таҳқиқ кунунад. Қарор буд ин коршиносон ба шаҳри Вуҳани Чин, ки нуқтаи оғози ин бемории ҳамагир буд бираванд. 

Дар ин бора Тедрос Аданом Гебрейесус, роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар додааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки пештар барои рафтани ин ҳайати коршиносон ба Чин мувофиқа ҳосил шуда буд. Хабаргузории Ройтерз ҳам навиштааст, ки  Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст онҳо озими Чин буданд.  

Як намояндаи СҶТ рӯзи 16-уми декабри соли гузашта гуфта буд, ки Пекин аз иқдоми рафтани гуруҳи таҳқиқӣ дар мавриди асли пайдоиши коронавирус дар соли 2019 ба шаҳри Вуҳан,  истиқбол кардааст.

СҶТ гуфтааст, ки онҳо бо мақомоти аршади Чин дар тамос буданд ва бархе аз ин коршиносон дар роҳи сафар буданд, ки акнун маҷбуранд аз роҳ барганданд.  

Ин амалкарди Чин дар ҳоле аст, ки хуруҷи коронавирус дар Чин интиқодҳои зиёдеро барои Пекин ба думбол дошт. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз рафтори Чин дар мубориза бо COVID-19 интиқод кардаанд.

Аз замони пайдо шудани беморӣ дар шаҳри Вуҳан дар як соли қабл, то кунун бар асари пандемияи фарогири коронавирус беш аз 1,8 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ҷон бохта ва зиёда аз 86 миллион кас ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.