Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 эълон шуд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шаҳри Душанбе расман пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021, инчунин тибқи фарзияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), шаҳри сайёҳӣ эълон шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Мувофиқи маълумоти дар сомона зикршуда, айни замон дар Душанбе фурудгоҳи байнулмилалӣ, истгоҳи роҳи оҳан, автовокзал, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 марказҳои дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи фурӯши туҳфаҳо, 17 боғи фарҳангу истироҳат, 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 обанбор барои истироҳат, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳанг ва 7 театрҳои касбӣ, 10 осорхона, 16 китобхона ва 6 амфитеатр амал мекунанд.

«23 ёдгории таърихиву меъморӣ, 109 ширкатҳои сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 гӯшаи пойтахт, Қасри теннис ва маҷмааи варзишӣ, маҷмааи варзиши обӣ, кохҳои «Наврӯз», «Борбад», «Ваҳдат», «Суруш», 306 муассисаи муолиҷавӣ ҳамарӯза ба садҳо нафар сокинону меҳмононони дохиливу хориҷӣ мувофиқи талаботи онҳо хизматрасонӣ мекунанд”, – таъкид мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки 22 ноябри соли 2020 маросими тантанавии  пӯшидашавии соли “Чимкент – пойтахти фарҳангии ИДМ-2020” ва супурдани эстафета ба шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор шуд. Аз 3 октябри соли 2019 бо қарори Шӯрои вазирон оид ба сайёҳии кишварҳои узви СҲИ, пойтахти Тоҷикистон ба сифати пойтахти сайёҳии кишварҳои узви Созмон эътироф гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...