Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 эълон шуд

Шаҳри Душанбе расман пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021, инчунин тибқи фарзияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), шаҳри сайёҳӣ эълон шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ. Мувофиқи маълумоти дар сомона зикршуда, айни замон дар Душанбе фурудгоҳи байнулмилалӣ, истгоҳи роҳи оҳан, автовокзал, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 марказҳои […]

Шаҳри Душанбе расман пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021, инчунин тибқи фарзияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), шаҳри сайёҳӣ эълон шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Мувофиқи маълумоти дар сомона зикршуда, айни замон дар Душанбе фурудгоҳи байнулмилалӣ, истгоҳи роҳи оҳан, автовокзал, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 марказҳои дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи фурӯши туҳфаҳо, 17 боғи фарҳангу истироҳат, 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 обанбор барои истироҳат, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳанг ва 7 театрҳои касбӣ, 10 осорхона, 16 китобхона ва 6 амфитеатр амал мекунанд.

«23 ёдгории таърихиву меъморӣ, 109 ширкатҳои сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 гӯшаи пойтахт, Қасри теннис ва маҷмааи варзишӣ, маҷмааи варзиши обӣ, кохҳои «Наврӯз», «Борбад», «Ваҳдат», «Суруш», 306 муассисаи муолиҷавӣ ҳамарӯза ба садҳо нафар сокинону меҳмононони дохиливу хориҷӣ мувофиқи талаботи онҳо хизматрасонӣ мекунанд”, – таъкид мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки 22 ноябри соли 2020 маросими тантанавии  пӯшидашавии соли “Чимкент – пойтахти фарҳангии ИДМ-2020” ва супурдани эстафета ба шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор шуд. Аз 3 октябри соли 2019 бо қарори Шӯрои вазирон оид ба сайёҳии кишварҳои узви СҲИ, пойтахти Тоҷикистон ба сифати пойтахти сайёҳии кишварҳои узви Созмон эътироф гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.