Хатсайрҳои ҳавоии моҳи январ: 80-то ба Русия ва Минску Дубай Истанбул

Мӯсои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бино ба маълумоти ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон  дар моҳи январ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар сурати доштани ҳуҷҷатҳои лозим ба Истамбул, Дубай, Минск ва шаҳрҳои гуногуни Русия парвоз кунанд.

Директори Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба “Азия-Плюс” шарҳ дод, ки парвозҳо дар моҳи январ дар кадом масирҳо анҷом мешаванд.

Ин моҳ 10 парвози чартерӣ дар хатсайри Душанбе Минск ва баръакс сурат мегирад. Парвозҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ва “Белавиа”-и Белорус анҷом медиҳанд.

Ба гуфтаи Оҷонсии ҳавонавардӣ парвозҳо дар ин масир аз 6 то 10 барои ҳар ширкати ҳавопаймоӣ  хоҳанд буд. Парвозҳо вобаста ба шумораи мусофирон сурат мегиранд: агар мусофирони лозим набошанд парвоз сурат намегирад. Тест на бояд бештар аз 72 соати пеш аз гузаштани марз супурда шуда бошад.

Чор парвоз ҳар ҳафта ба Дубайу Истамбул

Дар ин моҳ тибқи реҷаи пешин ҳар ҳафта 4 парвоз дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе ва Душанбе-Истанбул-Душанбе аз сӯйи ширкатҳои «Сомон Эйр», «fly Dubai» ва «Turkish Airlines»  сурат мегирад.

Ин парвозҳо бо дар назар гирифтани ҳамаи қоидаҳои беҳдоштии замони ҳамагирии коронавирус анҷом мешаванд. Кӯдакони то 6-сола аз пешниҳоди маълумотномаи гирифтор набудан ба коронавирус озоданд.

80 парвози чартерӣ ба Русия

Дар моҳи январ ҳар ҳафта се ширкати русӣ аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои гуногуни Русия 20 парвози чартерӣ анҷом медиҳанд.

Ширкати “Уралские авиалинии”  ҳар ҳафта 18 парвози чартерӣ дорад. Нархи билети ин ширкат аз 4 ҳазор сомонӣ оғоз мешавад.  Парвозҳои ин ширкат:

Душанбе – Жуковский ҳар ҳафта як бор рӯзи якшанбе;

Душанбе – Қазон ҳар ҳафта як бор рӯзи душанбе;

Душанбе – Красноярск ҳар ҳафта як бор рӯзи душанбе;

Душанбе – Самара ҳар ҳафта як бор рӯзи сешанбе;

Душанбе – Санкт-Петербург ҳар ҳафта як бор рӯзи сешанбе;

Душанбе – Ростов-на-Дон ҳар ҳафта як бор рӯзи душанбе;

Душанбе – Уфа ҳар ҳафта як бор рӯзи душанбе;

Душанбе – Новосибирск ҳар ҳафта як бор рӯзи душанбе;

Хуҷанд – Жуковский ҳар ҳафта як бор рӯзи душанбе;

Хуҷанд – Красноярск ҳар ҳафта як бор рӯзи душанбе;

Хуҷанд – Самара ҳар ҳафта як бор рӯзи якшанбе;

Хуҷанд – Санкт-Петербург ҳар ҳафта як бор рӯзи ҷумъа;

Хуҷанд – Уфа ҳар ҳафта як бор рӯзи чоршанбе;

Хуҷанд – Ростови лаби Дону ҳар ҳафта як бор рӯзи панҷшанбе;

Хуҷанд – Қазон ҳар ҳафта як бор рӯзи шанбе;

Кӯлоб – Жуковский ҳар ҳафта як бор рӯзи якшанбе;

Кӯлоб – Домодедово ҳар ҳафта як бор рӯзи шанбе;

Кӯлоб – Санкт-Петербург ҳар ҳафта як бор рӯзи ҷумъа.

Ширкатҳои «ЮтЭйр» ва «S7»  ҳар ҳафта як бор парвозҳои чартерӣ анҷом хоҳанд дод.

 «Ют Эйр» аз Душанбе ҳар ҳафта як парвоз ба Маскав дар рӯзи шанбе ва  «S7» дар масири Душабе -Новосибирск рӯзи панҷшанбе хоҳанд дошт. Нархи камтарини билети  «S7» 4 ҳазору 700 сомонӣ ва аз «Ют Эйр» – 5 ҳазору 150 сомонӣ гуфта мешавад.

Ин парвозҳо барои шаҳрвандони Русия ва шахсоне, ки асос барои сафар ба Русияро доранд пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...