Намунаи нави полиси суғуртавӣ барои моликони воситаҳои нақлиёт тасдиқ шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) шакли намунавии полиси суғуртавии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро тасдиқ кард.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, минбаъд ташкилотҳои суғуртавӣ ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд шакли намунавии полиси суғуртавии тасдиқшударо истифода баранд.

Мақоми нозироти суғурта дар ҷумҳурӣ аз соли 2017 Раёсати нозироти суғуртаи Бонки миллии кишвар мебошад.

Моҳи августи соли 2020 қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” қабул шуд.

Қаблан суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони ҳама гуна навъи воситаҳои нақлиёт бар асоси қарори ҳукумат танзим мешуд.

Дар ин санад ба амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, имконияти мустақилона интихоб намудани ташкилоти суғуртавӣ, таъмин намудани ҳимояи манфиатҳои молиявӣ ва иҷтимоии суғурташавандагон кафолат дода мешавад.

Суғурта чанд пул нарх дорад?

Арзиши чунин суғурта дар ҳаҷми аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар шудааст.

Аз ҷумла, мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ барои автомобилҳои сабукрав ва микроавтобусҳо, трактор, дигар мошинуолоти худгард ба маблағи 2 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 60 сомонӣ) муайян шудааст.

Суғуртаи автобусу троллейбус, нақлиёти боркаш дар ҳаҷми 3 нишондиҳанда барои ҳисоб ва мотосикл – 1 нишондиҳанда муқаррар шудааст.

Дар қонун барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, инчунин маъюбони гурӯҳҳои I ва II имтиёзҳо пешбинӣ гардида, онҳо 50% ҳаққи суғуртавӣ месупоранд.

Ҳамчунин ба соҳибони воситаҳои нақлиёт бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда бобати дар давоми идоракунии бефосилаи воситаҳои нақлиёт вайрон накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ имтиёз дода мешавад.

Масалан, ҳангоми бе ҳодисаи роҳу нақлиёт идора кардани воситаи нақлиёт аз 5 то 10 сол пардохти мукофоти суғуртавӣ ба андозаи 5% , аз 10 то 15 сол – 10%  ва аз 15 сол ва зиёда аз он – 20% кам карда мешавад.

Маблағи ниҳоии суғуртавӣ дар ҳаҷми 818 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (49 080 сомонӣ аз соли 2021) муқаррар карда шудааст.

Ҳодисаҳои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатӣ аз ҷониби суғуртакун дар ҳаҷми то 545 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (32,7 ҳазор сомонӣ аз соли 2021) ва барои молу мулк то 237 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (14 220 сомонӣ аз соли 2021) ҷуброн карда мешавад.

Дар қонун зикр мегардад, ки ба истифодаи воситаи нақлиёт бидуни бастани шартномаи суғуртавӣ роҳ дода намешавад. Ба молики воситаи нақлиёт ҷиҳати интихоби ширкати суғуртакун ҳуқуқ дода мешавад.

Айни замон ташкилотҳои суғуртавии КВД “Тоҷиксуғурта”, ҶСП ТС ”Суғуртаи аввалини миллӣ” ва ҶСДММ “Спитамен Суғурта” ин намуди суғуртаро тибқи иҷозатнома амалӣ менамоянд.

Дар бозори суғуртаи Тоҷикистон феълан ҳамагӣ 18 ширкати суғурта фаъолият доранд, ки 2-тоаш давлатӣ, 15-тоаш хусусӣ ва 1-то Ҷамъияти суғуртаи мутақобила мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.