Дар ҳаводиси ҳамла ба Конгресси ИМА як зан кушта шудааст

Расонаҳои амрикоӣ хабар медиҳанд, ки дар ҳамлаи тарафдорони Доналд Трамп раисҷумҳури барҳоли ИМА ба бинои Конгресс дар шаҳри Вашингтон як зан кушта шудааст. Расонаҳо аз ин зан Эшли Бобит ном бурдаанд ва гуфтаанд, ки ӯ бо зарби тир кушта шудааст.  Расонаҳо гуфтаанд, ки ин зан солҳо дар неруҳои ҳавоии ИМА хидмат карда будааст ва зоҳиран ҳамроҳ […]

Расонаҳои амрикоӣ хабар медиҳанд, ки дар ҳамлаи тарафдорони Доналд Трамп раисҷумҳури барҳоли ИМА ба бинои Конгресс дар шаҳри Вашингтон як зан кушта шудааст. Расонаҳо аз ин зан Эшли Бобит ном бурдаанд ва гуфтаанд, ки ӯ бо зарби тир кушта шудааст. 

Расонаҳо гуфтаанд, ки ин зан солҳо дар неруҳои ҳавоии ИМА хидмат карда будааст ва зоҳиран ҳамроҳ бо ҷамъи ҳаводорони Трамп ба бинои Конгресс ворид шудааст. 

Ба гузориши бахши форсии BBC шабакаи телевизионии "Фокс 5", ки бо наздикони ин зан суҳбат кардааст ва онҳо гуфтаанд, ки дар ҳақиқат Эшлӣ Бибит аз ҳаводорони Трамп буд. 

Гуфта мешавад, ки ин зан тахминан соати 15.00 ба вақти Вашингтон тир хӯрдаасту ба бемористон интиқол дода шудааст, вале марги ӯ баъдтар эълон шудааст.

Бархе расонаҳо гуфтаанд, ки ӯ аз зарби тири пулис кушта шудааст.

Рӯзи чоршанбе шумори зиёде аз тарафдорони Трамп ба назди бинои Конгресс ё парлумони Амрико омаданд, ки онҷо ҷаласаи муштараки маҷлисҳои Конгресс бояд натиҷаи интихоботи моҳи январро таъйид мекард. Ҳаводорони Трамп ба эътирози муослиматомез қаноат накарда ба Капитол ҳамла карданд ва ба дохили он даромада маҷлисро пароканда карданд. Дар натиҷа неруҳои посбони маҷлис ва неруҳои вижа барои пароканда кардани муътаризин даст ба кор шудаанд. 

Худи Донал Тармп, ки рӯзи чоршанбе ҳаводоронашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводорӣ мекардааст, баъдан аз тарафдоронаш хост, ки даст аз эътироз бардоранд ва хушунаткорӣ накунанд.

Дар натиҷаи фаъолмандии Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ Твиттер, Инстаграм ва Фейсбук саҳфаи ӯро бастанд.

Се президенти собиқи ИМА Билл Клинтон, Ҷорҷ Буши писар ва Борак Обама ин кори Трамп ва ҳаводоронашро маҳкум кардаанд. 

Клинтон гуфтааст, ки "мо имрӯз шоҳиди ҳамлаи бесобиқае ба Камитоламон, Қонуни Асосиамон ва кишварамон будем". 

Ҷорҷ буши писар гуфтааст, ки "ба натиҷаҳои интихобот ин гуна дар "кишварҳои бананӣ" мухолифат мекунанд, на дар кишвари демкоратии мо". 

Борак Обама гуфтааст, ки "таърих ин ҳамла ба Капитолро ҳамчун натиҷаи рӯғанрезии президенти барҳол бо дуруғгӯйиҳои беасосаш дар мавриди натиҷаҳои интихоботи қонунӣ ва ба унвони лаҳзаи шармандагие бузурге барои кишвари мо дар хотир хоҳад дошт".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.