70 дар сади аҳолии ВМКБ зери хатарҳои табиӣ зиндагӣ мекардаанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ин нуктаро ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ироа кардааст. Ба изҳори ҳукумати вилоят “тақрибан нисфи сокинони ВМКБ зери хатарҳои эҳтимолии тибиӣ ба сар мебаранд”.

Дар мавриди ин мушкил дар  Комиссияи тахлия (эвакуатсия)-и вилоят дар ҷаласаи ситод ин комиссия рӯзи 6 – январ нигаронӣ кардааст. Масъулони ҳукумати вилоят ба “Азия-плюс” ҳам таъйид кардаанд, ки дар воқеъ ин мушкили ҷиддӣ аст ва мақомоти вилоятро сахт нигарон кардааст.

Ин комиссия гуфтааст, ки “мувофиқи маълумотномаҳо аз 45 ҷамоати деҳот ва шаҳраки вилоят, бидуни ҷамоати деҳоти Гожо Бердибаеви ноҳияи Мурғоб, беш аз 148 ҳазор нафар аҳолии вилоят таҳти хатар, аз ҷумла зери хатари офатҳои табиӣ, аз қабили сел, сангчарх, обхезӣ, ярч, намнокӣ, тарма ва ғайра қарор доранд”.

Мувофиқи маълумоти дарёфти аҳолии ВМКБ тақрибан 230 ҳазор гуфта мешавад, ки 148 ҳазор ҳудуди 70 дар сади онро дар бар мегиранд.

Дар ин ситод, ки муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ҳам ҳузур доштааст, гуфтаанд, ки муҳимтарин вазифаи комиссия муташаккилона кӯчонидани аҳолии наздисарҳадӣ ҳангоми ҳуҷуми нобаҳангом ё худ истифодаи яроқи ҳозиразамони зарбазанада аз ҷониби душман аст. “Зеро дар баъзе аз ин гуна минтақаҳо иншоотҳои махсуси муҳофизатӣ ва роҳҳои ба ҷойи бехатар кӯчонидани аҳолӣ вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ зарур шуморида шуд, ки дар ин гуна минтақаҳо восита ва роҳҳои иловагии муҳофизати аҳолӣ таҳия ва тасдиқ карда шаванд”.

Ҳамчунин дар ин ситод аз кам ва басанда набудани паноҳгоҳо дар сурати сар задани ҳаводис нигаронӣ шудааст.

Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки бо ҳамкории Агентии Оғохон оид ба макони зист, тамоми мавзеъҳои аҳолинишини вилоят харитасозӣ карда шудааст ва маълумоти ҳамин харитасозиҳон ошкор кардааст, ки ба 148 ҳазор мардуми вилоят ҳаводиси эҳтимолии табиӣ таҳдид мекунад.

Мувофиқи маълумоти расмӣ ҳоло дар ВМКБ 13 муассисаҳои нақлиётӣ фаъолият менамоянд, ки дар тавозунашон 41 нақлиёти мусофирбар ва 27 нақлиёти боркаш дошта, ҳамчунин бо бастани шартнома 1018 автомобили мусофирбар ва 58 автомобили боркаш бо ин муассисаҳо ҳамкорӣ мекунад.

Ситоди вилоят гуфтааст, ки барои расидагӣ дар ҳолатҳои фавқулода бо ҳамкории Агентии Оғохон оид ба макони зист дар вилоят 120 гурӯҳи ёрии аввалияи тиббӣ ва 173 гурӯхи наҷотдиҳӣ, иборат 3600 нафар мутахасссони сохторҳои мудофиаи гражданӣ ва ризокорон таъсис дода шудаанд ва дар  ноҳияҳои Дарвозу Ванҷу Рӯшон ин гуна гурӯҳҳо аз ҷониби Миссияи Шарқ омода карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...