Боздошти сокинони Ҳисор, ки ба се куштор гумонбар дониста мешаванд

Кормандони милитсия гумонбарон дар се далели куштори занонро дар Ҳисор, ки аз 22 то 26 декабри соли гузашта содир шуда буданд, боздошт намуданд. Тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 22 декабр сокини 62-солаи деҳаи Лангари Поёни шаҳри Ҳисор дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ ҳамсари худ Солеҳа Умедоваро буғӣ карда куштааст. Ҳодисаи куштори дигар низ бар асари […]

Кормандони милитсия гумонбарон дар се далели куштори занонро дар Ҳисор, ки аз 22 то 26 декабри соли гузашта содир шуда буданд, боздошт намуданд.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 22 декабр сокини 62-солаи деҳаи Лангари Поёни шаҳри Ҳисор дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ ҳамсари худ Солеҳа Умедоваро буғӣ карда куштааст.

Ҳодисаи куштори дигар низ бар асари муноқишаи оилавӣ рух дода, сокини деҳаи Деҳқонободи шаҳри Ҳисор Баҳриддин Мирзомиддинов аз ғояти рашк ба ҳамсари 34-солаи худ Парвина Тошбекова бо корд зарба задааст, ки дар натиҷа зан ба ҳалокат мерасад.

Куштори сеюм аз ҷониби сокини 27-солаи кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ҳисор Муҳаммад Одинаев содир шуда, шоми 26 декабр ӯ бо ниқоб барои дуздӣ ба хонаи ҳамсояи худ медарояд.

Одинаев занро буғӣ намуда, кӯшиш мекунад, ки бо ҳамин тарз духтари ноболиғи соҳибхоназанро низ аз ҳаёт маҳрум созад, лекин духтар муқовимат нишон дода, ниқобро аз рӯйи мард меканад ва сипас ҷинояткор аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Айни замон ҳамаи гумонбарон дар содир намудани ҷиноятҳои зикргардида боздошт ва аз рӯйи ин далелҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.