Садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 кушта бар ҷой гузошт

Asia-Plus

Рӯзи 7 январ дар километри 80-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок ронандаи автомашинаи “Опел”, сокини 62-солаи ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷарии 400-метра сарозер меравад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ки ӯ бо суръати баланд ҳаракат мекардааст. Садама дар наздикии мавзеи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.

Замони рух додани ин ҳодиса дар автомашина 6 нафар – ҳама сокинони ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ҳузур доштаанд.

“Мутаассифона, бар асари ҷароҳатҳои бардошта аз садама ронанда ва 4 мусофири автомашина, аз ҷумла 1 кӯдаки 7-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд. Ҳамаи онҳо хешу табор ва ронанда ҳамсояашон будааст”, – иттилоъ медиҳад маркази матбуоти КҲФ.

Гуфта мешавад, боз як мусофири дигар – сокини 38-солаи ноҳияи Деваштич ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

“Сарфи назар аз чандин маротиба огоҳ кардан бобати ҳушёриро аз даст надодан зимни ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар фасли зимистон, бархе аз ронандагон онро ба инобат нагирифта, натиҷааш ҷон бохтани одамон мегардад”, – қайд мекунанд дар Кумита.

Дар ин робита, Кумита боисрор аз ронандагон дархост мекунад, ки хеле ҳушёр буда, ҳаёти худу мусофиронро зери хатар нагузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...