Вазорати маориф овозаҳои тамдид шудани таътили хонандагонро рад мекунад

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сару садоҳои бархоста дар бораи тамдид шудани таътили зимистонаи хонандагони мактабҳоро беасос медонад. Вазорат мегӯяд, ки таътил ба тартибе, ки буд, 10 рӯз аст ва дарсҳо 11-уми январ оғоз мешаванд.  Вале тӯли чанд рӯз аст, ки сару садоҳо дар мавриди тамдид шудани таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шабакаҳои […]

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сару садоҳои бархоста дар бораи тамдид шудани таътили зимистонаи хонандагони мактабҳоро беасос медонад. Вазорат мегӯяд, ки таътил ба тартибе, ки буд, 10 рӯз аст ва дарсҳо 11-уми январ оғоз мешаванд. 

Вале тӯли чанд рӯз аст, ки сару садоҳо дар мавриди тамдид шудани таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни волидон мечархад. Бархе аз волидайни хонандагон ба  «Азия-Плюс» низ дар мавриди ҳақиқат доштан ё надоштани ин сару садоҳо муроҷиат карданд.

Аз Вазорати маориф ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ин овозаҳо беасосанд. Бино ба иттилои ин ниҳод, то имрӯз тасмими тамдид намудани таътили зимистонаи хонандагони мактаб гирифта нашудааст.

Эҳсон Сафарзода, мудири Маркази матбуоти вазорат мегӯяд, ки то имрӯз аз ҳеч ноҳияи кишвар, ҳатто ноҳияҳое, ки ҳаво дар он ҷо хеле сард аст, барои тамдиди таътил расман муроҷиатнома ворид нашудааст, ки солҳои пешин чунин дархостҳо мешуд.

«То имрӯз ҳатто тариқи телефон ба мо муроҷиат нашудааст, ки таътил то 25-ум идома меёбад. Таҷириба буд, ки соли гузашта аз деҳаҳои дурдасти ВМКБ расман муроҷиат карданд, ки бинобар сардии ҳаво таътили зимистона тамдид карда шавад. Ва ба хотири сарди ҳаво дар ин минтақа таътили хонандагон як  ҳафтаи дигар идома ёфт. Вале имсол ба сардии ҳаво низ нигоҳ накарда, ба Вазорати маориф касе муроҷиат накардааст», – гуфт Сафарзода.

Бояд гуфт, ки хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 10-уми январ ба таътили зимистона рафта буданд, ки акнун 11-уми январ, рӯзи душанбе дарс дар мактабҳо оғоз мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.