Вазорати маориф овозаҳои тамдид шудани таътили хонандагонро рад мекунад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сару садоҳои бархоста дар бораи тамдид шудани таътили зимистонаи хонандагони мактабҳоро беасос медонад. Вазорат мегӯяд, ки таътил ба тартибе, ки буд, 10 рӯз аст ва дарсҳо 11-уми январ оғоз мешаванд. 

Вале тӯли чанд рӯз аст, ки сару садоҳо дар мавриди тамдид шудани таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни волидон мечархад. Бархе аз волидайни хонандагон ба  «Азия-Плюс» низ дар мавриди ҳақиқат доштан ё надоштани ин сару садоҳо муроҷиат карданд.

Аз Вазорати маориф ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ин овозаҳо беасосанд. Бино ба иттилои ин ниҳод, то имрӯз тасмими тамдид намудани таътили зимистонаи хонандагони мактаб гирифта нашудааст.

Эҳсон Сафарзода, мудири Маркази матбуоти вазорат мегӯяд, ки то имрӯз аз ҳеч ноҳияи кишвар, ҳатто ноҳияҳое, ки ҳаво дар он ҷо хеле сард аст, барои тамдиди таътил расман муроҷиатнома ворид нашудааст, ки солҳои пешин чунин дархостҳо мешуд.

«То имрӯз ҳатто тариқи телефон ба мо муроҷиат нашудааст, ки таътил то 25-ум идома меёбад. Таҷириба буд, ки соли гузашта аз деҳаҳои дурдасти ВМКБ расман муроҷиат карданд, ки бинобар сардии ҳаво таътили зимистона тамдид карда шавад. Ва ба хотири сарди ҳаво дар ин минтақа таътили хонандагон як  ҳафтаи дигар идома ёфт. Вале имсол ба сардии ҳаво низ нигоҳ накарда, ба Вазорати маориф касе муроҷиат накардааст», – гуфт Сафарзода.

Бояд гуфт, ки хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 10-уми январ ба таътили зимистона рафта буданд, ки акнун 11-уми январ, рӯзи душанбе дарс дар мактабҳо оғоз мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...