Яке ошиқи модарашро бо корд задаасту дигаре холаву шаҳарашро бо табар

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ҷавоне хабар медиҳад, ки як марди 33-соларо барои ба модараш додани пешниҳоди муносиботи ошиқона корд задааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ин ҷавон сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд будааст,  ки шаби 10-уми январ, тахминан соати 00.30 дар деҳаи Гулистон бо марде, ки гуфта мешавад, ба модараш занг задаву пешниҳоди муносибатҳои ошиқона додааст,  ҷанҷол карда, ду бор ба шикамаш бо корд халидааст. 

Ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудаасту нисбати ҷавон бо моддаи 110 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Ҳамчунин ВКД аз боздошти марди 27-солае хабар медиҳад, ки шаби 10-уми январ бар пояи хусумати шахсӣ мехостааст холааш ва шавҳари холаашро, ки сокинони ҷамоати Чоргултепаи ноҳияи Рӯдакӣ будаанд, бикушад ва бо табар як бор бар сари холааш ва як бори дигар ба сари шавҳари холааш задааст. Гуфта мешавад, ки ҷабрдидаҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд ва пулис қазияро тафтиш мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...