Яке ошиқи модарашро бо корд задаасту дигаре холаву шаҳарашро бо табар

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ҷавоне хабар медиҳад, ки як марди 33-соларо барои ба модараш додани пешниҳоди муносиботи ошиқона корд задааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ин ҷавон сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд будааст,  ки шаби 10-уми январ, тахминан соати 00.30 дар деҳаи Гулистон бо марде, ки гуфта мешавад, ба модараш занг задаву […]

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ҷавоне хабар медиҳад, ки як марди 33-соларо барои ба модараш додани пешниҳоди муносиботи ошиқона корд задааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ин ҷавон сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд будааст,  ки шаби 10-уми январ, тахминан соати 00.30 дар деҳаи Гулистон бо марде, ки гуфта мешавад, ба модараш занг задаву пешниҳоди муносибатҳои ошиқона додааст,  ҷанҷол карда, ду бор ба шикамаш бо корд халидааст. 

Ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудаасту нисбати ҷавон бо моддаи 110 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Ҳамчунин ВКД аз боздошти марди 27-солае хабар медиҳад, ки шаби 10-уми январ бар пояи хусумати шахсӣ мехостааст холааш ва шавҳари холаашро, ки сокинони ҷамоати Чоргултепаи ноҳияи Рӯдакӣ будаанд, бикушад ва бо табар як бор бар сари холааш ва як бори дигар ба сари шавҳари холааш задааст. Гуфта мешавад, ки ҷабрдидаҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд ва пулис қазияро тафтиш мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.