Додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи Ҳисорро дар қазияи таҷовузи ноболиғ бекор кард

Мӯсои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисорро дар мавриди парвандаи пурсарусадои таҷовузи духтараки ноболиғи 12-сола аз сӯйи яке аз пайвандонаш бекор кард. Дар ин бора як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дод. 

Ба гуфтаи манбаъ Додгоҳи олӣ баъди баррасии шикояти касатсионии ҷониби даъвогар, имрӯз, 12 январ ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисорро ба далели вуҷуди камбудиҳо ва нокофӣ будани далелҳо бекор карда, парвандарои барои таҳқиқи бештар ба додситонии шаҳрии Ҳисор боз гардонидааст. 

Додгоҳи шаҳри Ҳисор 9 декабр дар ин қазияи пурсару садо марди гумонбар дар таҷовузи ноболиғи 12-соларо барои 5 сол ба зиндон маҳкум намуд, вале ӯро бар асоси қонуни афв аз адои ҷазо озод намуд. 

Ин ҳукми додгоҳ дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои тундеро ба бор овард. 

Додраси ин парванда Саидаҳмад Усмонзода ҳукми содиркардаи худро ба расонаҳо шарҳ надод ва ҷаласаи додгоҳӣ ҳам пушти дарҳои баста сурат гирифт. 

Ҳусниддин Абдуллоеви 42-соларо на бо моддаи таҷовуз ба номуси ноболиғ, балки барои анҷом додани ҳаракатҳои шаҳвонӣ бо шахси ба синни 16-солагӣ нарасида маҳкум карданд. 

Ин дар ҳоле буд, ки ҷониби вакили дифоъи ҷабрдида қотеъона таалаб мекард, ки гумонбар бар асоси моддаи 138 қисми 3 таҷовуз ба номус маҳкум шавад, вале ин талаби ҷониби ҳимоя ба эътибор гирифта нашуд. 

Хонаводаи ин ноболиғ, ки акнун 13-сола шудаасту аз ин робитаи ҷинсӣ як фарзанд ҳам таваллуд кардааст 8 моҳ пеш низ аз ҳукми дигари додгоҳ норозигӣ карда ба Додгоҳи олӣ шикоят оварда буданд. 

Шикояте, ки акнун баррасӣ шуд 18-уми декабр ба Додгоҳи Олӣ оварда шуда буд. 

Ин парванда яке аз парвандаҳои пурсару садо дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки акнун таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаи шаҳрвандиро ба худ кашидааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...